Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман маҷбур шудам, ки ба баҳонаи барфи кавш афшонидан пой тап-тап ба замин занам. Санам наздик омад. Ман ба маънии овоз набарор ангушт ба лаб ниҳодам, аммо ақлам нагирифт, ки дар ин торикии шаб ишораи ангушти маро ў набинад.
— Янга!? – пурсид Санам.
— Ҳа, ҷим! –гуфтам ба ў. Вале ҳамин вақт фиғони Қумрӣ баромад.
— Оча, очаҷон!!!
— Дод нагў, дамата гир! – даҳони ўро бо кафи даст дошта гуфтам ман. Аммо дер шуда буд.
Салима баромад. «Чӣ гап!?» гуфта Мулло Шокир омад. «Ҳеҷ гап не!» садо дод Санам, аммо Салима сирро фош кард:
— Садафмоҳ омадай!
Мулло Шокир омад, Ҳурбибӣ омад. Хонаи Санам равшан шуд.
Гардан гирифтани Тўтию Қумрӣ хории касро овард.
— Ба хона гузарем, апа,– хонаи хоби худро дар назар дошта гуфт Ҳурбибӣ. Аммо ман рад кардам.
Салима ҳам худро ширин карданй шуд: «Биё, ба хонаи ман гузар». Даҳони ман ба «ҳаю не» нарафт. Мулло Шокир истод - истоду сонӣ баромад. Салима ҳам баромад, вале Ҳурбибӣ чӣ кор карданашро намедонист: истад ё равад? Дере нагузашта Мулло Шокир аз баромадан пушаймон шуд, ки баргашта Ҳурбибиро ҷеғ зада бурд. Мазмун, барои он буд, ки вай дар назди онҳо истода ягон гап нагўяд ва ё онҳо ягон чиз гуфта ўро наранҷонанд ё худ иғвогарие карда наварўсро аз роҳ набароранд. Ин тахмин. Лекин Мулло Шокир барои чӣ омада ўро гирифта рафт, ҳамаро торик бувад. Вале гап дигар будааст. Ҳурбибӣ зуд баргашта моро ба хонааш даъват кард. Аммо дилам зер накард, поям накашид, нарафтам. Надонам, ки ин рафторам барои Санам хуб буд ё бад, ба ҳар ҳол маро ҷои шинондан намеёфт. «Хуш омадӣ, янга, хуш омадӣ!» мегуфту парвона мешуд ва намедонист, ки чӣ кор кунад.
Дастархон кушод...
...Ҳурбибӣ, ки аз не гуфтани палонҷ ранҷида баромада буд, як табақи лангарӣ қурутоб бардошта омад. Мулло Шокир аз пас даромад. Аммо Салима наомад. Ё хабараш накарда буданд ва ё косаашро ҷудо кардаанд. Мулло Шокир ҳарфе нагуфта хўроки дўстдоштаашро хўрд. Аз ваҷоҳаташ маълум буд, ки чизе гуфтан хоҳад, аммо... Аз хўрданаш пайдост, ки парвое надорад. Дар асл ин корро аз алам мекард. Қасдан даҳонро пур медошт, то ягон гапи беҳуда нагўяд.
Чароғи сиёҳи хонаи Санам хира месўхт. Аз камнурии он сояи Мулло Шокир аранге дар девор нақш баста буд. Агар наҷунбад, сояашро фарқ карда намешуд.

пешина
аз 429
навбатӣ