Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Даричаи миёнаи ду ҳавлиро кушодем. Дари хонаи Санам кушода, вале торик буд. Хонаи Салима равшание дошт, аммо садое набуд. Ба Тўтӣ оҳиста гуфтам, ки ба хонаи аммааш Санам даромада шинад, ман нигоҳ кунам, ки Қумрӣ куҷост. Мо ба хонае, ки Ҳурбибӣ мезист, нигоҳ накарда гузаштем. Ҳама чо ором ва хомўш буд.
Хеле вақт гузашт, аз Мулло Шокир дараке набуд. Ман дузд барин назди дари Санам истодам. Медонистам, ки Санаму Қумрӣ дар хонаи Салима нашинанд, шояд назди Ҳурбибӣ рафта бошанд...
Нолаи духтари Салима баромад, бемадорона. Ва шиҳаи асп садои пасти ўро пахш кард. «Отам омад, отам!» садои дигаре баромад.
Ин садои Қумрӣ буд. Аз даричаи миёна дидам, ки чун тохта ба пешвози падар баромад. Мулло Шокир аз рўи асп хам шуда Қумриро бардошт ва пеши зини аспаш гирифта аз дарвоза даровард.
Худро пас кашидам, ки ба онҳо халал нарасонам. Мулло Шокир чунон ки Кумриро болои асп бароварда буд, ҳамон зайл беозор нишеб карда фаровард. Худаш низ фаромад. Санаму Ҳурбибӣ ҳам баромаданд. Дастаи дари Салима садо баровард. Ман худро даруни дари Санам гирифтам. «Оча, кӣ омад?» аз даруни хона пурсид Тўтӣ. «Отат» ҷавоб додам ба ў.
— Санам! – садо баровард Салима.– Санам! – боз фарёд зад ў.
Ва Санам садои ўро шунида аз ҳавлии берун «Ҳа» гуфт ва ҷони маро халос кард. Сонӣ Санам рафта аз дарича ба ҳавлии берун нигарист ва тоқат накарда баромад. Ба вай на омадани Мулло Шокир, балки хўрҷини пураш лозим буд.
Аз дарун Ҳалима «Оча!» гуфта нолиш кард.
Ҳама ба хона даромаданд. Салима низ баргашта ба дараш омад.
«Оча!» боз нола кард Ҳалима. «Мури оча! Ҷавонмарги оча!
Ғўрамарги оча!» ғаш кард, ғазаб кард Салима. Ғазабаш сабаб дошт: Мулло Шокир ўро партовӣ карда буд. «Ин занак бо духтари худаш ки ин хел муомила кунад, бо духтарони ман чӣ кор кунад» гуфта, ман низ Салима барин ғазаб карда то дари хонаи Мулло Шокир рафтам, ки худи ҳозир Қумриро фарёд карда аз дасти онҳо гирифта барам. Лекин аз феъли шайтон гаштам. Нияти ман ҷангу ҷанҷол карда Қумриро бурдан набуд. Балки чун Мулло Шокир ўро дуздиданӣ будам. Барои ҳамин нигоҳ карда истодам, ки Қумрӣ кай беруни дар шавад.
Дари хонаи онҳо кушода шуд. Ман худро аз дарича дарун гирифтам. Саросема шуда сахттар қадам мондаам, ки Салима шунида «Санам!» гуфта дод зад. Ман назди Тўтӣ даромадам ва худи Санам аз дами дарича «ҳа!» гуфта ба Салима ҷавоб гардонд. Салима хап шуд. Санаму Қумрӣ меомаданд, дилам тапид.
Бештар аз он тарсидам, ки дар хона пайдо шудани каси бегонаро Санаму Қумрӣ якбора дониста заҳракаф нашаванд, барои ин чорае андешидан лозим буд.

пешина
аз 429
навбатӣ