Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чизи бекора…
Ман ба амма бовар кардам, лекин «кӣ гуфт, ки ира боз биёрӣ»
гуфтанаш ба ман дахл дошт. Гургон дили маро тала карданд, ки ин ҷо гапе ҳаст.
— Чизеро баҷо мекунӣ, амма?
— Чиро баҷо мекунам? Чизи баҷоӣ надорам.
— Не... Салима чӣ гуфт? – аз бадбинӣ номи ўро гирифта пурсид духтар.
— Гуфт, ки Қумрӣ дигар ба оташ хабаркашӣ накунад.
— Ман хабаркаш не! – гиря кардам.
— Туро хабаркаш нагуфтааст. Хабаркашӣ накунад, гуфт.
— Ман бачча-а? Намефаҳмам-а? – эрод гирифтам ба ў. Амма ҷавобе нагуфт, балки маро ба сари синааш пахш кард: «Ту боақлак, ту зирак, ту донояк». Рўз рафт. Падарам наомад. Ман коре карда чашми аммаамро хато карда ба сари танўр рафта, он чизе ки зани отам дарронда ба он ҷо андохта буд, дидан хостам. Аз рўи ситеза ва рафтору гуфторҳояш маълум буд, ки он чиз ё ба ман, ё ба апам ва ё ба очам дахл дорад…
Амма аз хона баромад. «Фурсати боб» гуфта аз паси ў баромада бех-бехи девор қадам задам, то ҳавлии берун баромада сари танўр равам. Амма баромада буд. Чун даричаи байни ду ҳавлиро кушодам, аммаро сари танўр дидам. Даричаро оҳиста пўшида қафо гаштанӣ будам, ки чашми аммаи парешон ба ман афтид. Беилоҷ монда, наздаш равон шудам.
— Наё, ман хокистари танўрро мегирам,– гуфт.
Дурўғ гуфт ў, барои ман шуда дурўғ гуфт, зеро дар ин бевақтӣ нон намепухтанд, ки хокистар гирад. Ба гапи вай гўш накарда наздаш рафтам:
— Амма, ку бубинам, чиро дарондай? – гуфтам.
— Қоғази беҳуда...
— Ку бигир.
— Сўхтааст.
Донистам, ки ў маро фан кунад, таҳдидаш кардам:
— Отам биёяд, мегўм.
Ў ҳеҷ чиз нагуфт. Бархеста доман афшонд. Як ба ман нигоҳ карду лаби ҷўй рафт. Хостам ба ў боз таҳдид кунам, таҳдид не, як навъ шаттоҳии кўдакона, вале истиҳола кардам. Амма ба ҷои модар, аз ман калон... боз маро аз ҳама бештар нағз медид. Худаш ҳам занаки хуб, шавҳарашро босмачиҳо кушта буданд. Ба ёди шавҳарам мешинам, гуфта танҳо зиндагӣ дорад...
Болои ҳамин кор буд, ки аз беруни ҳавлӣ садои суми асп баромад. Сиёҳмушкин назди дарвоза бозистод. Ман аз падарам мадад мехостагӣ барин тохта, дарвозаро нимроғ кушода, баромадам.
Ҳурбибӣ аз пушти зини асп шорида ба замин фуромад.

пешина
аз 429
навбатӣ