Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ман таоми туро бисёр хўрдам, Садаф, ташвиш накаш,– ба дари ошхона омада гуфт Мулло Шокир, – Масъалаи баччаҳоро яктарафа бикун.
— Масъала ҳал. Ман баччаи партовӣ надорам...
Ба назарам, гапи ман аз ҷавшани ҷонаш гузашт. Башаст баромада рафт... Баъди хеле вақт Тўтӣ аз кўча фиғон карда даромад:
«Бурд, Қумриро бурд!»... Ана худаш Худо барин ҳозир, – Қумрии калонро ба духтарони мошинкори гирд нишаста, ки косаҳои оши сиёҳалафашон холишуда наздашон меистод, нишон дода гуфт Садафмоҳ.–Худаш гап занад... Ку гап зан.–Ба Қумрӣ муроҷиат кард ў.
Қумрӣ табассум кард ва хеста аз сатил боз як коса оши сиёҳалаф гирифт, ки модар ин бор бо ўмоҷу нахўд пухта оварда буд.
Мардсифат росто ҳур-ҳур даркашид ва ба оча «Қиссаҳои маро инҳо аз ёд донанд» гуфт.
— Ман нашунидаам,– андаке ковок шуда ва чун мактабиён даст бардошта гуфт Зиёдаи маст ва табассум кард.
Қумрӣ дид, ки духтарон боз рағбати шунидан доранд, ночор монд ва ду-се бор гулў равшан карда паҳлўи модар нишаст ва хонд:
— Эй очаи ҷун, чида калунум кардӣ, Ширам додӣ, ситам ба ҷунум кардӣ?
Садафмоҳ сар афшонд, оҳи дароз кашида «ҳа-а» гуфта монд.
— Очаи ҷун, – фармуд Қумрӣ, – Чун отам маро дуздид, боз пеши модарандар бурд. Ин дафъа аммаам Санам дар хона буд.
Отам маро ба вай супурд ва худаш, ба хаёлам, назди Ҳурбибӣ рафт. Амма маро бо афсонал «Бузаки ҷингилапо» қонеъ кунонида натавонист; афсонаи кўҳна, ки аз ёд шуда буд, ба назар як навъ найранг ҳам тофт; зеро хоби наомадаро ҳам бо он фан мекарданду кўдаки гирёнро ҳам. Аз ин рў ба гўшам нафорид. «Оча!» гуфта гиристам, «апа!» гуфта гиристам, гиристаму гиристам. Гиряам ба гўш модарандар нафорид. «Ин даҳанялаи сархўра боз барои чӣ овард? Қариб сарама хўрда буд, боз чӣ хоҳад, ки даҳонаша пўшида натавонад?»
— Мепўшад, хап мекунад,– аз номи ман ҷавоб дод амма.
— Ура, кӣ гуфт, ки ира боз биёрӣ? – дастак зада омад ў.– Э, қариб мурда будум-э, қариб дуруни танўр сўхта будум-э» – гуфт ў ва аз зери кашаш як дафтарчаи сурхро бароварда.–Ана ин сўзад,.
ана вай сўзад,– гўён ду-се бор дарронд ва даруни танўр партофт.
Ман нафаҳмидам, ки чиро дарронд, эътиборе ҳам надодам. Фақат аз рўи он ки амма маро ба худаш ҷафстар пахш кард, пай бурдам, ки ягон гап ҳаст...
Амма маро ба кулбаи худаш бурд.
— Вай чиро дарронд, амма?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор