Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Нафастанг баромад фарозро, гўрҳо тофтанд: паҳлўи гўри кўҳна гўри тозаи ҳатто хокаш сабза надамидаро дид ва яқин кард, ки Ваҳшӣ Зукурро гўр кардааст. Хаёле аз дил гузаронд, ки шояд Ваҳшӣ ўро низ паҳлўи ин гўрҳо зери хок кунад.
Нишаст. Рў ба рўи гўрҳо нишаст ва чашмон бо кафи дастон пўшид. Ҳамон зайл дурудароз бозистод, аммо чизе андеша карда натавонист, гўё мағзи сараш хуфта буд, хун аз гардиш монда, тани гармаш ба як пора санги сард табдил ёфта... Баъди хеле вақт даст аз рўй баргирифт ва монанде, ки ба тани мурда равон бахшида бошанд, чашмони беҳисро боз ба гўри тоза дўхт, аммо танҳо нигоҳ мекарду чизе андешида наметавонист.
Бархост. Нигоҳашро аз гўр наканда бархост, чанд қадам пеш рафт ва хаёле ба чашмаш намуд, ки маймуне паҳлўи даҳонаи ғор, дар офтобрўяи буни шах нишаста, пашмҳои танашро тит карда, аз бехи онҳо кадом ҷонвари хунхорро гирифта, пушти нохун мекушад. Сангиной аввал ўро ҳайвон донист, дурусттар дида Ваҳшӣ буданашро шинохт ва худро пас кашид... вале сабаби пас кашиданро намедонист; шояд ў шарм надорад аз рафтораш, гуфта... Бознишаст... Нишасту нишаст, аз Ваҳшӣ ҳаракате набуд.
Боз сар бардошта нигарист, ки Ваҳшӣ худро дар офтоб метофт.
Ў пеш рафт. Ҳама рагу пайро фишурда, садое набароварда, нафас ба дарун гирифта, пеш рафт, то ў хабар ёфта хеста нагурезад; оҳиста-оҳиста ба нўги панҷаи луч пеш рафта ва ба ҳамон оҳистагӣ дар даҳонаи ғор нишаст. Дурудароз ба Ваҳшӣ нигарист, вале намедонист, ки ба чӣ маънӣ менигарад. Нишасту нишаст, ҳаваси гўшти хирс ботинашро такорў кард, даҳонашро дошт, то ғарора накунад.
Биниаш хорид. Ҳарчанд молид ва бо кафи даст маҳкам дошт, хориши биниаш басанда нагашта, атса зад... Ваҳшӣ як қад парида хест ва санги тайёрро бардошт. Рў ба рў занаки шиносро дида, боз як бор чашм пўшида кушод, ки рост аст ё хоб. Санг аз дасташ афтид. Бараҳнагиашро ниҳон карданӣ шуда, даст пеш бурд ва Сангиной рўй тофт, то ў сару сомонашро ба ҷо орад. Вале Ваҳшӣ нишаст, ҳамон зайле ки даст ба пеш медошт, нишаст.
— Ман барои гўшт омадам...
Гўё мақсади нигоҳи Ваҳширо пай бурда, гуфт Сангиной, дар асл ўро ба забон оварда, муродашро гуфтанӣ буд. Ваҳшӣ сар хам дошта, каме ба андеша рафт ва аз нигоҳи занак чизеро дарёфта, ҳамон зайл даст ба пеш хест ва ба ғор рафт. Пўстакҳоро ба дўш ва миён кашида, дар дастархони шол гўшт овард. Сангиной аввал ба Ваҳшӣ хуб нигарист, ба гўшт зеҳн монд, боз ба Ваҳшӣ чашм дўхт, пасон як пора гўшти хомро гирифта, газид ва чашмонашро пўшида, гирист. Гўё ҳамин қадар чиз лозим буд: гўштро газида, маззаи онро чашидан. Гўшт дар даҳон, гўшт дар даст мегирист, хомўш мегирист аз зери чашм заҳида баромадани ашкро медид ва гумонаш он буд, ки барои кори нохуби ў, барои номардона рафтор карданаш занак мегиряд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор