Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Барои чӣ?
— Назди Зукур рафтааст!
— Ҷанг?
— Ҳо, ҷанги тан ба тан!
Мардак пай бурд, ки дар сухани зан оҳанги пичинг ҳаст, аммо сабабашро нафаҳмид ва ин хабар, ки барои ў ногаҳонӣ буд, дар дил шубҳа кард, ки наход домод аз ҷанг гурехта бошад. Ба зан нигарист, саволомезу шубҳаомез нигарист; гумонаш, ки зан аз нигоҳи ў маънӣ гирифта, буду шуди гапро мегўяд ва таъбиру тадбир андешидан лозим меояд. Занак, ки то алвақт девонагиҳои сохтаи духтар ба шў нагуфта буд, пушаймон аст; ба сару дастони ларзони ў нигариста, гумон дорад, ки ин чизро фаҳмад, девонатар аз духтар гардад ва ё ба балое гирифтор. Дуздида-дуздида нигоҳ мекард зан ҷониби шў ва пиндошт, ки ана-ана ришҳои мошубиринҷ ва мўйҳои чаккаи аз зери дастор намоён ҷон гирифта, сафед мегарданд ва худи ў фартути ларзонак шуда, оқибат ба як чизи партоби зиндагӣ табдил меёбад. «Мурдан авлотар аз чунин зиндагӣ» аз дил гузаронд модар, ки дар зиндагӣ ҳама чизро бохта бошад: бародарони ҷанграфтаро, духтарро, шавҳарро. Акнун чун зоғи сиёҳ танҳо монад ва дар чунин соли вазнин кўдакбон шавад – кўдаки хаёлӣ ва ин кўдаки пири рў ба рў нишастаро бонӣ кунад...
Вале он кўдак насиби дидан накард.
Сангиной ба Дашти Морон рафт ва дар он сангдевори монанд ба чўпонхона, ки бомаш фурў рафта буд, қарор гирифт. Боми фурўрафтаро тахт кард, то дар тори бом бихобад, аз хавфи даррандаҳо эмин бошад. Вале чунин кор дер напоид: ғарораи дил ва ҳаваси гўшти хирс ўро ором нагузошт. Рўзи саввум ҷониби ғори Амбал роҳ сипарид; раҳ сипариду заҳрханда ба хештан дошт, ки як девонаи Худо мисли маликаи хубон миёни сабзазорон, байни шукуфаҳо, аз паҳлўи гиёҳҳои хушбўй меравад, гунҷишкони раҳдавак пешопеш дум меликконанд, мурғакони ранга аз сари гулхоре ба нўги гулбуттае мепаранд, ҷўракон аз замин рост боло парида, нағмасароӣ мекунанд, инчунин мору калтакалосҳо пешопеш мехазанд, малахҳо меҷаҳанд, вале ҳеҷ кадоме ўро таскин дода наметавонад, фақат як чиз ба ў халал мерасонад: сангпарҳои обгузар, ки дар обхези баҳор нопадид гаштаанд ва Сангиной санг партофта-санг партофта, чуқурии обгузарро муайян карда ё мегузарад ва ё гузаргоҳи дигар меҷўяд...
...Ҳамин хел Сангиной кашолу молон бо машаққати зиёд то фарози зери ғор расид ва бо пайроҳаи аранге миёни сабзаҳо намудор ҷониби ғор рафт. Дар ҳамин ҷо гўё ў аз ҳама чиз сер шуд; иштиҳои гўштхўрӣ тамом гашт; иштиҳои ўро як ҷуфт хода, ки ба масофа як газ дуртар аз ҳам буданд ва дар нўги яке куртае ба мисли одами худро овехта кашол буд, заданд. Ў пушаймон шуд, ки беҳуда омад....

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор