Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Сангиной дидори Зукури ношудро бинам, гуфта, фиреб хўрд...
Сахт алам мекашад ў...
Ақаллан дар ҳушёриаш Ваҳшӣ ба вай дармеафтид, илоҷе меёфт
– фиреб мекард, найранг мекард, лоақал дашт ё лаби об рафтанро баҳона оварда, баромада мегурехт ва аз дасти ў мурад ҳам, номусашро ҳимоя карда мемурд, хубтар буд... «Дер шуд...» аз ин зиёд андеша надошт, андеша карданро ҳам изофа медонист...
Якбора ҷониби барфе нигарист, ки Зукур дарунаш ях баста, мехобид. Ба назараш рўи барфи тира аранге равшан гашту боз тира тофт ва миёни барф чизе ҷунбида, оҳиста-оҳиста барфро мебардошт. Яқин ў ҳоло барфро дарида ё ба сар бардошта мехезад, Сангинойро миёни ғори тираву сард танҳо дида ва боз бараҳнапову беэзор дида ҳайрон мешавад ва нархи сабзиву пиёзро напурсида, корро яксара мекунад... Ўро ба ҷои худаш мехобонаду то об шудани барф мепояд ва мебинад, ки Сангиной ба чӣ ранг мегардад ва он гаҳ хаёлу хотираҳои ў билкул бартараф мешаванд...
Гирд мегардад ў: гоҳо гирди дастонаш мегардад, гоҳе гирди пойҳояш мегардад, баъзан ба зону менишинад ва гумон дорад, ки қоматашро рост кунад, сараш ба сақфи сангин бархўрда, ҳамаро безобита мегардонад. Равшан мегардад фикри ў, акнун дар бораи ҳама чиз андеша мекунад, аммо чунон фикру назараш тез, ки ягон чизро дошта наметавонад: деҳаро пеши назар меорад, ғору Ваҳшиву Зукурро андеша мекунад, қисмати худро андеша дорад; парешон, канда-канда, бодовар...
Берун бунафшаранг гашт. Маълум шуд, ки барф меборад, дар даҳони ғор тўр мебофад. Сангиной барои он ки пойи бараҳнаашро касе набинад, рўи пўстак нишаст, ба гумони он ки аз ҳар гўшаи ғор чашмони беҳисоб ба ў менигариста бошанд, тани ҳароми ўро нафрин мехонда бошанд. Ў зери абрў ба гўшаҳо менигарист... Дар чашмаш мўкиҳо тофтанд: лаби оташдон мўкиҳои калони падар, ки то ин ҷо кашола карда оварда буд, тофтанд. Касе барои хушк шудан назди оташ гузоштааст. Наход кори Ваҳшӣ бошад? Аммо поҷома куҷо?... Ҳамин ки равшантар шуд, поҷомаро сари шохаҳои ҳезум дид, ки офтоб карда бошанд... Наёрист хестан. Гирист.
Маълум набуд, ки гиряаш барои пайдо шудани мўкиву поҷома аст ва ё аз хорӣ мегиряд. Сар бар сари зону ниҳода, оби чашм кард ва дарун-дарун сўхт: «Чӣ ғаму ғуссаи зиёд...»
Ў ба чашмони худ бовар накард – бовар накард, ки касе поҷомаи ўро барои хушконидан сари шохи ҳезум паҳн карда бошад; одатан чунин корро барои қасдситонӣ мекунанд – Сангиной бисёр чизро надонад ҳам, ин чизро медонад. Азбаски чунин ҳарфҳо миёни мардум бисёр такрор мешавад, хурду калон медонанд ва бештар эҳтиёткор мешаванд, аммо Сангиной дидаву дониста ба доми фиреб афтид. Ҳоло ноилоҷ монда. Донад, ки мардони нопоку бадгавҳар чунин корҳоро кунанд: коре карда ба дили зан роҳ ёбанду баъди ком бардоштан латта, поҷома ва ё ягон нишонаи занакро дуздида ё дар шохи дарахт ё дар нўкчўбии дарвозахона, тори сархор ва ҷои намоёне кашол кунанд, то мардум донанд, ки имшаб ба номуси ин хонадон даст задаанд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор