Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вай розист, ки гургони чилламаст дар роҳ ба ў дарафтода, хунашро рўйи барф рехта, ранги сафеди онро сурх гардонанд, ҷо-ҷо қатраҳои хунаш барфро сўрох карда то замин расад, ба хок даромезад, кифоя аст; барояш зиёда аз ин чизе лозим нест – барои касе, ки хоинии мардони нопок, мардони номард, касони нокасро рўпўш мекунад, барои кадом мулоҳизаи хунӣ, ки бояд ба ҳам омехта нишонае аз онҳо боқӣ гузорад. Ў чунин андешаро дар сар ҷо дода, аз падару модар, аз хешу табор, аз ҳифзи ватан, аз нангу номуси хеш даст шустаасг, зиндагии ҳайвонӣ пеша кардааст, гушнаву хору берўзӣ гаштааст... Ба гумонаш тўъмаи гургони гурусна шудан баробари ба ҷаннат афтодан аст. Мепиндорад, ки гунаҳгортарин инсони рўи замин ўст, хоинтарин хоини ватан ўст; чунин сирро аз ҳама пинҳон дошт, акнун азобашро мекашад. Ростӣ, ҳеҷ чиз ўро чунин азоб надода буд. Тўраи Лангро масхара кард, ба дигар мардон хандид ва омада-омада танаш ин зайл ҳаром гашт, ки ба шустан ҳалол намегашта бошад...
Садое набуд. Кунун пай мебарад, ки андаке мадор дорад, танашро бардошта, хеста – ба қавли модараш – дастмол чизҳои даркориашро пайдо карда, пўшида, ба Зукур нафрат, ба Ваҳшӣ лаънат хонда, меравад... Боз нашуд: ба назараш чизе мехазад, касе нафас мекашад; мисли гамбуски сиёҳи подароз чунон оҳиста мехазад, ки аз доираи муайяне берун намерафта бошад. Ў ба шакли гамбуски бўйин чорпо шуда, майли хестан дошт, вале қарор истода – дамбадарун гўш дод, ки чизе ҳаст... Ғор ором буду хомўш. Гирди зонуи хеш давр гашта, мўкӣ меҷусту поҷома. Аз пўстак берун рафт. Рўи замини яхсон дасту пояш сарморо мекашиданд, ба танаш медоданд. Он қадар аз рафтори хеш меҳаросид, ки ана-ана ба чизе бархўрда, садои онро мебарорад ва аз чунин кори кардааш талхакаф мешавад... ў мепалмосид, меҷусту меҳаросид, аммо қобилияти фикр кардан надошт; гўё масъала пайдо кардани поҷомаву мўкӣ бошад... дигар чизе лозим нест; Ваҳширо мебинад ё на, ў пайдо гашта пеши роҳи ўро мегирад ё на, мақсаду маромашро мегўяд ё на… ҳеҷ чиз фарқ надошт. Кори нашуданӣ шуд. Мурдани Зукур дурўғ бошад ҳам, пайдо гардад ҳам, аҳамият надорад... Гамбуски сиёҳ барин чорпо гирди хештан базўр хазида, аранге аз хаёл гузаронд, ки агар шавҳараш барои санҷиш чунин карда бошад ҳам, суде наорад. Оҳиста-оҳиста гўё гирди хештан гашта, андеша мекунад, ки чаро ҳамон вақт намурд – ҳамон вақте ки худро дор кашидан хосту Зукур халал расонд; лаънати Худо бод ба ў – ба он гурезии тарсончак, ки рўи ҳамаро сиёҳ кард!
Ў гўё дар кунҷе пинҳон шуда, рафтори ўро мушоҳида мекунад, писханд мезанад, мазох мекунад, ақли зан кўтоҳ аст, ба фиреби ў афтида, ба ин ғори торик омад; ҳо ҳамин хел кас будааст Ваҳшӣ.

пешина
аз 429
навбатӣ