Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Одам бо одам зинда, ако!
Қариб ўро як мушт кўфта буд Ваҳшӣ. Худдорӣ кард, суханашро нашунида ангошт, ба андеша рафт: «Чаро чунин гуфт? Як пиёла оби ҷўшондаро миннат мекунад?»
Аз таъсири чой хобаш парид, вале чойҷўши саввум ҳам ташнагиро нашикаст, оқибат оби хунук хўрд. Оби хунуки кўзаро ба сар кашиду хунукиро ҳис кард ва пай бурд, ки сари дилаш равшан шуд; дар танаш тароват давид ва даҳон кушода хамёза кашид.
Зону оғўш кард ва сар бар сари зону ниҳода, аз гармии оташ ва ҳаловати оби сард пинак рафт. Ва надид, ки шаби дароз дар беруни ғор ҳаво ранги худро мегирад. Зукур боз бар оташ ҳезум гузошт, то Ваҳшӣ сардиро ҳис накунад. Вай пўстҳои пайвастаро овард, оҳиста бар дўши ў гузошт, ба пушташ ҷафс карда, қариб печонд офтобаи обаш қариб ҷўшидаро аз оташ дур кашид ва хоби вайроншударо гирифтан хоста, ба «ҷогаҳ» дароз кашид ва рўзи калон шуда бошад ҳам, нахест, ки коре надорад ва ба назараш то об шудани барфҳо хирсона хобидан рост меояд...... Ваҳшӣ худ ба худ якпаҳлў афтид ва рў ба рўи хокистари сарди оташдон дуру дароз хобид. Зукур ба ин махлуқи пўстакпеч нигоҳ мекарду аз фикр мегузаронд, ки чаро Худо ўро инсон халқ кардааст?
Чаро инсон офарида, пўстакпеч гардондааст? Зукур медонад, ки узвҳои бадани Ваҳшӣ инсонӣ, аммо хулқу рафтору, хўрду хобаш ваҳшиёна. Ба сурат ўро бинад, ба сират нашиносад. Надонад, ки чӣ ният дорад; надонад, ки Ваҳшӣ аз анҷоми ҷанги гражданӣ воқиф аст ё на, ҷанги нав тамом шавад, ба ягон ҷо равад ё на?
Муродаш чист? Ба чӣ умед бастааст? Пири фартут, ки шуд, барои давлат, ҷамъият, барои инсон хавфи осебу зарараш намонд, зодгоҳашро суроғ карда равад ё на? Охир ўро дар ин ҷо кӣ гўр кунад? Хайр, ў Абўшукурро гўр кард, ўро кӣ гўр кунад? Ё зоғу заған хўрад мурдаамро мегўяд? Ё ба ман умед бандад? Охир, ман як умр мисли ў-дар ғор монда ваҳшӣ намешудагистам... ҷанг тамом мешудагист... ҳама чиз ҷойи худро мегирифтагист... ман ба деҳа бармегаштагистам... Падару модар, зан, ва... Ва ҳамон чизе, ки чандин сол боз ғаши дили ў буд, алҳол хотирашро парешон кард, давоми андешаашро бурид: акнун аз Ваҳшӣ ҳам пурсиданист, ки ў фарзанд дорад ё на?..
Зукур беихтиёр ба Ваҳшӣ нигарист, ки як зайл лўнда шуда, лаби оташдони сард мехобид – сағирона. Пасон хаёлаш дур рафт, то назди Сангиной, ки чаро муомилааш он қадар ба вай хуш набуд ва чаро назояд?
Вай ҷунбид ва диққати Зукурро ҷалб кард. Ў вақте ҷунбид, ки офтоб аллакай зардиашро аз қуллаҳо мебардошт. Хунук хўрда хест. Зукур зуд оташ афрўхт. Об ҷўшонд. Ваҳшӣ бархост. Хамёза кашида, танашро ба ҳаракат овард ва хирсона аз ғор берун рафта омад.

пешина
аз 429
навбатӣ