Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

— Ва-ва-ва... ва-ва-ва... – дандон ба дандон зада, чизе гуфта натавонист Ваҳшӣ ва Зукур баъди ба худ омадан пай бурд, ки ў меларзад. Каме пеш омада, сари зону нишаста, даст ёзида ва дасти ўро дошта, пай бурд, ки чун барги бед танаш меларзад.
— Чӣ шуд, ако?
— Ва-ва-ва-ва...
— Хунук хўрдед?
— Ва, ҳа.
Зукур дигар чизе напурсид ва даст-даст карда аз пушти оташдон санги шарарро пайдо кард ва хаси хушки барои пешдаргирон тайёр кардаашро гирифта, санг зада оташ баровард, ки шарораҳои он дар торикии ғор чӣ андоза барқ мезаданд: оташи санг ба хаси хушк зада, сўхту афрўхт ва Зукур қабзаи хаси фурўзонро бар оташдон гузошта, аз тори он чанд чўби хушк ниҳод, то зуд дар гирад... Оташ аланга зад, ғор равшан шуд. Акнун онҳо гоҳ якдигарро равшан медиданду гоҳ хира – оташ аланга занад, хуб медиданд, паст шавад – хира. Зукур мадад кард, ки Ваҳшӣ дами оташ биёяд. Овард ба ҷои дўстдоштааш – рўи пўстак нишонд ва боз ба оташ ҳезум гузошт, офтобаро паси оташ ниҳод...
Ваҳшӣ кафи дастон ба оташ медошт. Кафи дастон, рўй ва пойҳояш месўхт, аммо тахтапушташро хунук мелесид. Пушт мегардонд, пеш хунук мехўрд, рўйро дорад, тахтапушташро сармо мезад. Меларзид...
— Чой, ако!
Гармии дўлча ба Ваҳшӣ форид, чойи сўзони ҳафтгиёҳ ҳам. Пас ў андеша кард, ки ҳамроҳ лозим аст; дар чунин ҳолатҳо ҳатмист.
Ба Зукур нигарист ва ў аз нигоҳи Ваҳшӣ саволеро дарёфт:
— Ба шумо чӣ шуд, ако?
Ваҳшӣ сухан накард, балки дастонашро ба ду тараф кушода, маънии намедонамро ифода кард.
— Шояд гўшти хирс нафорида бошад?
Ваҳшӣ боз ҳамон хел даст кушод: «Намедонам» ва дид, ки Зукур суханашро тамом карда, дигар ҳавсалаи гуфтан надорад, афзуд: «Касал мебуд, ту ҳам касал мешудӣ».
— Ҳа-а.
Ваҳшӣ дўлчаи дуввумро холӣ кард ва боз хўрдан мехост, акнун пай бурд, ки дар баданаш гармӣ давида, ташнагиаш меафзояд ва дар куҷои танаш нам пайдо мешавад, вале аниқ намедонад, ки дар куҷо? Дар зери каш, пушти лаб, паси гўш ва ё дар майнааш – хаёлаш. Боз нўшид. Ташнагиаш намешикаст, боз нўшидан мехост. Чой тамом шуд. Ба Зукур фармуд, ки боз аз кўза ба офтоба об рехта, бар оташ гузорад. Чунон кард Зукур, вале то ҷўшиданаш тоқати Ваҳшӣ тоқ буд, гўё ҷигараш дуд мекард ва пиндошт, ки ҳаргиз ташнагиаш нашиканад. Саҳл монда буд, ки Ваҳшӣ ба Зукур дод занад, ки бар оташ ҳезуми зиёд гузорад, то об зудтар ҷўшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор