Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Дигар наё! Агар оӣ, ба ҳама мегўям!
Сангиной рў гардонду гуфт…

XIV

…Ва Зукур дигар наомад...
Ў халтачаи сафедро назди Ваҳшӣ кушод. Ду нони зағораро, ки ба андозаи даҳони коса буд, рўи дастархони шол гузошт ва ба Ваҳшӣ нигарист. Ваҳшӣ ҳайрон шуд; гумон надошт, ки мардум ба чунин ҳолу рўз расида бошанд, ки нони гандум ё ҷав нахўранд, балки ба зағораи арзану курмак эҳтиёҷ пайдо карда бошанд. Вай ҳеҷ чизро намедонист, фақат аз даҳони Зукур шунид, ки ҷанг мерафтааст, аммо чӣгуна ҷанг аст, напурсиду нафаҳмид. Агар Зукур гўяд, ки Германияи фашистӣ – немисҳо бо мо ҷанг кардаанд, вай намефаҳмад, ки онҳо кистанд, вале гўяд, ки кофирҳо, ў мефаҳмад, ки як миллати ғайри дин ба мо ғазо кардааст. Ҳоло ҳам дар чунин фикр аст, ки мусулмононро мекўбанд... Ваҳшӣ ба нон нигаристу ба Зукур. Ва Зукур нигоҳи ўро пай бурда ба сухан даромад: «Чунон қаҳтӣ, ки намедонам, занам – Сангиной ин нонро аз куҷо ёфта бошад»: Ваҳшӣ ҳоло ҳам ба ў зеҳн мемонд, вале бо нигоҳ ба Зукур чизе фаҳмонда наметавонист. Гўё ҳамон рўзе, ки Зукур нон меорам, гуфт, вай чӣ будани нонро нафаҳмид ва ҳоло низ чунон меангорад, ки нонро надида бошад, намедониста бошад.
«Ин чӣ?» зағораро бардошта, ба ишора пурсид Ваҳшӣ.
— Нон... нони зағора, аз арзан, курмак, ҷуворӣ, сабўс, нарма мешавад.. Шумо хўрдагӣ нестед?
— Не, – ба ишораи сар фаҳмонд ў.
— Бисёр бомазза мешавад, – шикаста ба ў дароз карда гуфт Зукур.
Ваҳшӣ як пора зағораро аз дасти ў гирифта, боз мутаҳаййир ба вай нигарист, ки онро чӣ кор кунад.
— Хўрдан даркор, ана ин хел! – газида ва хоида фурў бурд Зукур. – Чизи нағз... дар дунё аз нон чизи хубтаре нест... Нони гандум бошад, боз хубтар... Ин ҳам бад не...
Ваҳшӣ медонист ҳамаи ин чизҳоро, вонамуд мекард, ки намедонад; надидааст, нахўрдааст. Газид нонро, хоид, фурў бурд. Ва дарк кард, ки аз он рўз то ин рўз акнун як чиз хўрд, ки дар даҳонаш мазза дод. Вай ҳаловат бурд, ба пушт афтида роҳат кард, ба танаш шира давид. Сонӣ сухани Абўшукур ба хотир омад, вале забон надошт, ки гўяд: «Худо якеи моро зан мегардонд... туро мегардонд, беҳтар буд, зеро ҷавонтар ҳастӣ...» ва дар танаш раъша давид: гуфтану ба чӣ рўз афтидани Абўшукур ба ёдаш омада, танаш ларзид ва шод шуд, ки забон надорад. Аз дергоҳ ҳама ҷояшро намуда, рўболо ва ваҳшиёна хобиданаш Зукур фаросат карда, паҳлў лағжид ва оташи хомўшгаштаро кофта, боз як шохча гузошта, афрўхт, ки ҳоло ҳам гарм нашуда бошад, тарии барфу нами либос ҳоло низ дар танаш кора мекард...

пешина
аз 429
навбатӣ