Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Девона шудаам; туро ёд кардаам!» бехи гўши Сангиной чунин садо доданд ин ҳарфҳо, аммо зан бовар накард. Донист, ки Зукур рашк бурда, чунин рафтор кард: аз танҳогардии ў дар кўҳу дашт рашк бурд.
— Дамам гашт! – кафи дастонашро ба сари синаи ў гузошта ва андаке тела дода, гуфт Сангиной.
Зукур нахест, балки паҳлў гашта, ҳамон хеле ки Сангинойро оғўш карда буд, болои худ баровард ва рўи шикаму сари синааш боздошт.
— Хоб бикун ҳамин хел!
Сангиной хестан мехост. Ҳис мекард, ки буни гардану рухсораш дард мекунад аз неши дандони ў ва намедонад, ки пагоҳ назди хешон чӣгуна рўй менамояд? Боз маъракаҳои модаршўй дар пеш, занони кунҷкоб чизе пай баранд, корро бало мезанад. Хост шаттоҳӣ карда, ба рўи Зукур зада, маъракаи модарашро далел оварда, ҳам фавти модаршўро ба ў фаҳмонад ва ҳам қасосашро гирад ва гўяд, ки дигар намеояд ба ин ҷойҳо. Бе ин ҳам азобаш кам не, боз азоб додани ў чӣ маънӣ дорад, ба девонаи хонабанд рашк бурданаш барои чӣ?
— Шояд ба деву париҳо ҳам рашк барӣ, Зукур? – тоқат накард ў.
— Кадом деву париҳо?
— Деву париҳое ки баҳона карда ба наздашон мебароям.
— Кадом? Кай? – даргирифт Зукур ва беихтиёр ўро раҳо карда, қомат бардошт. – Вай чӣ хел дев будааст? Ман туро гуфта, аз ҷанг гурехтам... Шояд рашк маро гуреза карда бошад... Ман нахостам, ки дасти марди дигар ба ту расад, чашми ғайр ба қаъри чашмони ту нигарад... Ту чи хел мегўӣ, ки ба пеши дев мебароӣ? Магар меҳри маро ба дев иваз кардӣ?
Сангиной чизе нагуфта, хест, канор рафт ва гирист. Зукур пеш омад, аз бозувони ў дошта ларзонд: «Чӣ хел дев?!»
— Деви ҳафтсар! – ба ситеза гуфт Сангиной.
Зукур ўро тела дод. Чанд қадам рафт бозистод, пушт ба вай садо дардод: «Дигар наё, Зукур!»
Зукур шах шуд. Гумон надошт, ки занаш ба ў чунин ҳукм мекунад; хаёл мекард, ки Сангиной ба кадри рафтори ў мерасад, аз барои ў ба чунин азобҳо гирифтор шуданашро пай мебарад ва ҳар соати боздидро ҳамчу обу ҳаво мунтазир мегардад, вале ҳоло дармеёбад, ки аз дидори ў шод нест. Зукур баробари ўро дидан ин чизро пай бурда буд: Сангиной хафа омад, хафа рафт.
— Дигар наоям?
Ин пурсиш Сангинойро боздошт, вале ў на баргашт ва на ҷавоб дод, на равон шуд; як зайл меистод ва баъди хеле фурсат, ки ҳама ҷо ороми ором буд, Зукур дар паси гўшаш нафаси ўро шунид:

пешина
аз 429
навбатӣ