Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Аз ин рў тунд мешуд, заҳр мезад, маломат мекард, ки рафту чунин бошад, ба ин кор шавҳараш низ шарик аст. Ва ҳамин ки шабҳои дигар низ фиғон бардошта рафтану якбора хомўш гаштани Сафедак такрор мешуд, шубҳаи модаршў яқин гашта; ба сари Сангиной бало овард:
«Ягон балоро медонӣ, келин, худам ба чашмам надида, гўю мон...
ин чӣ балост? Кӣ ба сари ту меояд? Кӣ хушдорат шудааст?» Ва аз Сангиной ҷуз гиря ҳарфе барнамеомад, чунон гиря, ки ҳатто падаршўи наберахоҳ оромаш карда наметавонист...
Сангиной ба хонаи худашон рафт; ба заҳри забони модаршў тоқат накарда, рафт ва фиғони шабонаи Сафедак ҳам гум шуд.
Сафедак то рўз зери айвон мехобид ва агар хушаш ояд, балои осмониро дур карданӣ шуда, гоҳ-гоҳ зуза мекашид ва Рисолат ин чизро фоли нек намедонист. Модаршў тоқат карда натавониста ба хонаи қудо рафт ва ҳарфе нашунида баргашт ва боз рафт.
— Барои омадани духтаратон кор надорам, метарсам, ки...
метарсам, ки...
— Метарсед, ки бешў бачча накунад? – кафид модари хапаки Сангиной.
— Ҳо, аз ҳаминаш метарсам, – пинҳон накард Рисолат. – Шабҳо кучуки мо ором надорад, меҷакаду меҷакад, хаёлам, ки касе ба сари Сангиной меомада бошад.
— Сангиной ҳам мегўяд, ки...
— Мегўяд, ки ба сари ман меоянд?
— Ҳо!
— Ҳо, дар ҳалқу даҳонаш...
— Даҳонатона ғундоред, қудо... Сангиной мегўяд, ки барои ҳамин аз хонаи шумо омад, то шумо бадном нашавед...
— Ман чӣ бадном мешавам? Хушдор дорам, ки...
— Ба хаёли Сангиной ҳамин хел...
— Чӣ?
— Худатона ҳашт лахт накунед... ором гап задан ҳам мумкин...
— Ман ҳам барои ҷанг наомадаам... Аз як чиз метарсам...
— Метарсед, ки Сангиной аз писари шумо назойид, аз дигар кас мезояд?
— Аз ҳар кӣ зояд, зойидан гирад, фақат аз писари ман не. Ман намехоҳам, ки хушдори духтари шумо писари ман бошад, агар бошад, ман ин хел писар надорам.
— Магар ягон гуноҳи Сангинойро дидед?
— Не... Медидам, шояд ин қадар намесўхтам... Шумо намефаҳмед дарди мана. Дарди ман аз кўҳ ҳам вазнин, метарсам, ки ин дард мана мебарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор