Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамаатон мана шарманда кардед, радди маърака кардед, ҳоло ҳам таънаи гурезагии бобоша мешунавам...
— Дамата гир-э, бар зотат лаънат, дамата гир-э!
— Не, ба зоти ман лаънат гуфта наметонӣ!.. Зоти паст надорам; додом дар ҷанги зидди босмачӣ мурд, додарам дар ҷанги...
— Боиси ифтихори ту-а? «Додом дар ҷанги зидди босмачӣ мурд...» Ки гуфтааст, ки додои ту муқобили хешу табори худ, зидди ҳамватанони худ ҷангад? Кадом як одамро, ки ҳоло кӣ буданашро намедонад, пушту паноҳ дониста, ёру дўстонро аз дами теғ гузаронад? Дар дами тир хобонад? А? Кӣ гуфт?... Имрўз шумо ҷон гирифта ба ҳимояи иди гузашта мехезед, акнун ҳино молед.
Аз дастатон меомад, писаратонро мегардондед!
— Аз куҷо гардонам? Аз ҳимояи Ватан?
— Ватан! Ватан!... Чӣ мефаҳмӣ, ки Ватан чист! Ватани ту зери ҳамин Сурхнова, аз дарё он тарафа надидаӣ... Ана ватани ту – ана ин хонаи торик, ана ун дари боз, баъд қабристон...
«Сангиной!» Чунон ки андаке пеш нафаси Сафедак аз роғи дар дарун мезад, ҳоло чунин нафасро бод овард. Сангиной сурати девор гашт, гўшҳояшро кафмол карда, боз гўш андохт. Истоду истод, ҷуз мағали падаршўву модаршў чизе ба гўшаш намеомад.
Шояд он ному он садоро низ ҳамонҳо ифода карда бошанд. Вале он садои нафасӣ ба д-он садо мемонд, ки Зукур вақтҳои хобашон барои нашунидани падару модар ҳамин хел – нарм, форам, оҳиста нафас мебаровард – аз дилу ҷигараш канда шуда ниҳоят гарму пурҳарорат мебаромад ин овоз. Ҳоло бод чунин садоро оварду ўро мот кард. Акнун ў пай бурд, ки на аз дами нафаси модаршў, аз талху пичинги ў, аз нешханди ў гурехта берун омадааст, балки нафаси роғи дар, ки ҳоло нафаси Сафедак ва ё нафаси каси дигар буданашро намедонад, чангак андохта ўро берун овардааст...
Вале чӣ буд он, ки аз бом афтиду хонаҳоро ларзонд? Сафедакро ангехту ҳамон лаҳза фиғонашро хомўш кард? Ин хел набуд Сафедак: гург бошад, то сари теппа пеш мекард, баъд аз ҳамон ҷо овоз медод… Каси бегонаро хона даромадан намемонд... ва ҳоло думак мезанаду гўш сих мекунад, ғел мезанаду худро харосо ба хок мемолад, пойи Сангинойро мебўяду ба қадаш рост мешавад, аммо забон надорад, ки муддао гўяд: ҷонвар! Сангиной пай мебарад, ки як гап ҳаст. Вале аз модаршў тарсида, аз дами дар дур намеравад... «Сангиной!» Бод меорад ин садоро ва Сафедак ҷавоб мегардонад: «Ҳуввв!»
Ва рўзона садоҳо таъна шуданд: Абўмансур саҳари солеҳон пушти бом гузашта, пардабоми афтидаи оғилро дид ва пайи тори боми оғил гузоштаи касеро дида, ба занаш гуфту нишон дод ва Сангиной дар бало монд; «Агар омадани касеро ин қанчиқ намедонист, дари бастаро зада намебаромад!» – фиғон бардошт Рисолат, зеро алами ўро ҷуз худаш касе намефаҳмид. Ў дар дил мегуфт, ки дузд ҳар кас бошад, будан гирад, фақат писараш набошад; хушдору нисбати имшабаи Сангиной Зукур набошад.

пешина
аз 429
навбатӣ