Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Худойқул дар сари девор қомат хам карда сагро калтак заданӣ шуд, вале калтакаш нарасид. Саги маст чанд қадам пушт рафт ва якбора ҳуҷумовар гашт, то нўги асо дошта, рабояд.
Мардак асо кашид. Саг олуғда гашт ва дасту пой ба замин тир карда омода ба ҷаҳидан шуд. Худойқул қасди ў дониста пой ба тори сангдевори амонат устувор кард ва асо гардонд тори сар.
Сагро биме набуд. Сагони дигар ситези одаму Зардро дида майли маслух карданд. Зард даст аз ҷанги одам кашида, ба сари маслух омад. Зард ба шеру палангу шағол, ё кафтор монанд набуд, балки ба одам монандӣ дошт, ки ҷуз ў каси дигар набояд хўрад. Сари лоша омада бонӣ дошт ва ба сагони лошахоҳ чашми гурусна дўхта дандон гиз кард. Даррандаҳои дигар гузоранд, ки ҳамҷинсон аз як лаби лоша дандон зананд. Шоҳи ҳайвон – шер чун сер шавад, дуртар аз лоша истад, то дигарон хўранд: ҳатто бегонагон ва каргасу зоғу заған. Аммо Зарду Одам хоҳад, ки лоша аз они ў бошад, танҳо аз они ў. Аз ин рў саги пеш омадаро Зард ронад:
агар ба чангаш ояд, аз гарданаш газида афшонда дур андозад:
ё пештана зада ғелонад. Сагони гуруснаву ранҷида ба гўшт нигариста лаб лесанд ва ба якдигар нигариста роз гўянд: дареғ, ки муроди ҳамдигар нафаҳмад.
Худойқул ба саг таҳдид кард: «Гурез, гум шав, нагурезӣ, мекушам!» Саг ўро писанд накард. Мардак як ба атроф нигарист. Ҳеҷ кас набуд. Баъд аз сари девор ҷониби саг гузаштанӣ шуд. Пойҳояш ларзиданд. Нишаст. Деворро савор шуд. Пойҳо нишеб, боҳасрат сўи саг нигарист: «Биё муросо бикунем, ҳамаро бас». Ў ҳис кард, ки пойҳояш бемадор шуданд, бо чунин зўр бо саги масту ҳарис чанг ба чанг шуда натавонад. Баҳузур нишаст. Ба гўшти суп-сурх, ки барфро ҳам рангин карда буд, нигарист. Ў намедонист, ки ин асп чӣ ранг мурдааст ва онро кӣ пўст канда ин ҷо партофтааст.
Таваҷҷўҳ кард, ҳушу хаёлаш ба гўшт банд буд: ба кўдаку занони гуруснаи боғхонаҳо низ. Ў ларзиш ва бемадории пойҳояшро ҳам фаромўш кард, беихтиёр аз сари девор худро ба пас партофт.
Баъд бо саг чашм ба чашм шуда, ба худ омад. Илоҷе намонда буд, бо саги зард чанг ба чанг шудан лозим меомад. Ў чанд бор «ҳуҳ, ҳуҳ!» гўён онро ба хашм овард. Ин дафъа саг шерона ғуррид ва сўи мардак омад. Чунон намуд, ки саги гурусна ин гўштро ба ҷондоре додан нахоҳад. Мардак калтакро дудаста гирифт, мазбут дошт ва рост кард, то ба саг андозад. Саг бозистод ва якбора ба ў ҳуҷум овард. Мардак фурсат наёфт, ки ба саг таёқ андозад. Таёқро раҳо карда, бо мушт ҳуҷуми сагро баргардонд. Саги масту девона ба соқи пои ў даҳон андохт ва як даҳан гирифт ҳам. Худойқул нафаҳмид, ки саг пояшро газид ва ҳатто дар гармогармиаш дардро ҳис накард. Набояд пай барад дарду озорро. Мураду сагро ронад аз сари маслух. Саг бо ҳамин як даҳон қонеъ шуд, ки қафо гашт.
Ва мардак калтаки ба даруни барф фурў ғалтидаро бардошта, рост сўи саг рафт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё