Сорбон. куллиёт. Ҷилди 2

Он саги гушна баргашта қафо мерафт. Аз афти кор, он саги азимҷусса ба ҳамаи сагҳо зарбашро гузарондааст, ки саге наёрад ба ў наздик шавад.
Ва сагҳои дигар ақл намекунанд, ки якҷоя шуда он саги баднафсро гурезонанд ва гўштро бо ҳам бинанд.
Худойқул дергоҳ аз паси девор нигоҳ кард. Сагҳои ҷо-ҷо чўкка нишаста гўшҳои бурида чур ва чашм ало карда, ғур-ғуркунон яктарафа шуданд, вале саги зўр одамро надида буд. Аз рафтораш маълум буд, ки шоҳсаг сер шудааст: сар аз даруни қафаси синаи асп баргирифта, лаб лесид. Саги сиёҳ, ки пушт ба девор медошт, Худойқулро надида, ба маслух наздик шуда буд. Саги зард ба вай пурхашм нигарист ва чунон ғуррид, ки саги сиёҳ баргашта ба ҷояш рафт. Баъд чашми хунгирифтаи саги зард дар сари девор сареро дид, ки хавфноктар аз сагони гурусна афсун мекард. Зард чашм ба чашми одам дўхт. Хатареро пай бурд. Ба назар фикр мекард: нақша мекашид мисли сарлашкарон. Рост нигоҳ карда истод. Бўй кашид ҳаворо, то хавфро бўй барад. Аммо аз фўк ва сару рўи сурхгаштааш ҷуз бўи хун бўе набуд… Худойқул ҳам чунон ба чашми саг нигарист, ки бо зўрии чашм сагро мегурезонда бошад. Аммо худ аз худ мисли сагони гурусна лаб лесид ва чун зоғ сари сиёҳу рўи пурриш аз сари девор нагирифт. Тоифаи ҷўгиён пеши чашмаш омад ва ҳар ҷонвари гурусна ҷўгӣ тофт. Ҳолиё бояд ба маслух дарафтанд ва саги зарди гўштмаст аз рашку ҳасад ва нафси шум онҳоро лахт-лахт бикунад. «Худойқул!» садо омад аз пас ва ўро ҳушёр гардонд. Сар ба пушт тофт сари сина аз девор дур накарда. Вале касеро надид. Вараҷа давид дар танаш. Маслух дар миёнаи майдон буд. Сагҳои дигар дуртар рафта буданд. Саги зард чу мурдабон қадаме дур намерафт.
Худойқул боҳасрат ба саг нигарист. Мисли сайёде аз паси харсанг сайдро дид дошт. Ҳар боре саг лаб лесад, беихтиёр забони мардак лабонашро нам мекард. Ў гўё маҳз барои ҳамин гўшт омада буд ва инак бо ин саги гўштмаст ба ҷанг даромаданист. Нигоҳи пурхашми ў сагро гурезонда натавонист: нигоҳи ҳасратолуд ва илтиҷоомезаш ҳам ба дили саг раҳм наовард ва инак ў дар паси девори боғи пурбарф аз ҷафои сармо пой кўбад ва бо ҳаври даҳон дастон гарм кунад. Чунон ки дар боғи бекас ба ҷанги одаму дарранда омода гардад. Ў пеш аз он ки аз сари девор боло шавад, калтаки дарозро боло кард. Мижаи саги зард хам нахўрд. Вале чун Худойқул аз сари девор сар бардошт, саг ғуррид. Худойқул сари девор баромада, калтакро болои сар ҷавлон занонда ба саг таҳдид кард. Саг дандон гиз намуда, ба масхарабози сари девор ҳамла оварданӣ шуд. Мардак боз «ҳу, дак...» гўён сагро тарсонд.
Нашуд. Саги хунгирифтачашм ин дафъа пойҳои пасро рост карда дум аз рўи барф бардошт. Ва ба ҷои он ки аз асои ҷўгӣ тарсида гурезад, чашм тез, гўш сих ва сару гардан таранг дошта, сўи мардак омад: «Ҳаф!»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё