ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Инчунин ин селексионери халқӣ дар натиҷаи интихоби ниҳолҳои серҳосил дар муддати солҳои тўлонӣ навъи нави нахўди «Сафедак»-ро низ ба даст овардааст, ки ин навъ ҳам дар шароити заминҳои беоб ва обӣ ҳосили хуб медиҳад.
Аз таҷрибаи хонаҳои мавсимии коҳӣ дар саҳро дар фасли тобистон
Одатан деҳқонон ва боғдорон дар фасли тобистон барои аз шўъоҳои офтоб ҳифз намудани хеш аз қамиш, коҳу алафҳои хушк гашта дар сари заминашон хонаҳои муваққатӣ сохта, дар зери он дам мегиранд. Ин хонаҳои саҳроӣ, ки аксари одамон онҳоро «каппа»-и саҳроӣ мегўянд, хело тоза буда, инъикоси нигоҳ доштани анъанаҳои бобогии деҳқононро таҷассум менамоянд. Ин анъанаи халқӣ решаҳои чуқури таърихӣ дошта, дар аксари деҳаҳои ноҳияҳои кўҳистон аз тарафи деҳқонон, боғдорон ва чорводорон то кунун нигоҳ дошта шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё