Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ин намуди ба пой хезонидани ҷомеа албатта аҳамияти хоса дорад, ҳамчун як чизи мардумӣ, ки аз замонҳои пеш ба мо мерос мондааст. Ин анъанаи мардумӣ махсусан дар деҳот нағз риоя карда мешавад ва он барои пешрафти ҷомеа, муттаҳид будани одамон дар деҳот ва характери тарбиявӣ дошта, барои рушду нумуи ҷомеа аҳамияти калон дорад. Бинобар ин анъанаро бояд дар оянда низ тақвият бахшид ва давом дод.

Аз таҷрибаи тайёр намудан ва истифодаи «сабад» дар деҳот

Дар деҳаи «Машконак»- и ноҳияи Рашт деҳқони ботаҷриба Абдулвосеъ Абдулов умр ба сар мебарад ва 75 сола мебошад. Вай нақл менамояд, «… вақте, ки ман 10 сола будам ин намуди ҳунари мардумиро аз мўйсафедони рўзгордидаи деҳаамон Абдул, Резмон, Шариф ва Сайёд омўхтам. Ин асбоби деҳотиён асосан аз навдаҳои ҷавони дарахтони бед, тут, олуча, гелос, санҷид, зардолу ва ғайраҳо бофта мешавад. Барои ин дар фасли баҳор навдаҳоро бурида ду – се рўз дар зери офтоб нигоҳ медоранд ва баъд онҳоро барои тайёр намудани сабад истифода мебаранд. Ин асбоби қадимаи мардуми кўҳистон барои кашондани ҳар гуна борҳо (коҳ, мева, дон ва ғайраҳо) истифода бурда мешавад. Ман дар хонам зиёда аз 10 намуди сабадро бофта нигоҳ медорам ва ин асбоб хело осон ва арзон ба даст оварда мешавад. Ин ҳунарамро ман ба дигарон то имрўз омўзондам, то ин ки насли оянда аз ин ҳунар бархурдор бошанд».

Аз таҷрибаи тайёр намудани намад дар деҳот

Аз қадимулайём мардуми деҳот ба бофтану тайёр намудани намад аз пашми ҳайвонҳои хонагӣ, аз ҷумла гўсфанд, буз, уштур ва ғайраҳо шавқу рағбати калон доштанд (ҳам барои дар шароити хона истифода бурдан ва фурўш). Чӣ тавре, ки ба мо маълум гашт, ин таҷрибаи мардумӣ вақтҳои охир кам ба чашм мерасад. Ин кори бофтани намад аз пашмҳои ҳайвонҳои хонагӣ ҳоло бештар дар ноҳияҳои кўҳии мамлакат, ба монанди Ҷиргатол, Мастчоҳи Кўҳӣ, Ғончӣ ва баъзе аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва ғайраҳо ба чашм мерасад.

пешина
аз 56
навбатӣ