Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аз таҷрибаи гирифтани равғани растаниҳои равғандор

Аз давраҳои қадим дар деҳоти мамлакатамон деҳқонон ва донишмандони мардумӣ ҷувозхонаҳои махсус сохта ба истифода медоданд, ки дар онҳо деҳқонон тухмиҳои растаниҳои равғандорро, аз қабили зағир, офтобпараст, кунҷут ва ғайраҳоро коркард намуда, равған ва кунҷола ба даст меоварданд. Чунин равғани аз растаниҳо ба даст оварда шуда, бисёр болаззат ва табобатӣ буд. Ба мо муяссар гашт, ки дар вақти сафарҳоямон дар як қатор деҳаҳо чунин ҷувозхонаҳои мардумиро оид ба кашида гирифтани равғани растаниҳо бинем. Инчунин дар баъзе ҷойҳо мо мушоҳида намудем, ки мардум барои ин кор аз қувваи барқ ва ҳам аз қувваи асп истифода мебурданд. Бояд қайд намуд, ки дар ҳарду ҳолат ҳам ин ҷувозхонаҳо барои муҳити зист ва истифодаи манбаъи энергия онҳо хело фоидаовар мебошанд. Махсусан равғани ба воситаи чунин ҷувозхонаҳо ба даст оварда шуда, бисёр тоза буда, барои саломатии одамон аҳамияти калон дорад ва ба он талабот низ хело зиёд аст. Вале бояд қайд намуд, ки чунин ҷувозхонаҳо дар деҳот ҳоло хело кам мондаанд ва устоҳои моҳири тайёр намудани чунин ҷувозхонаҳо ва қисмҳои зарурии онҳо низ кам гаштаанд. Бояд қайд намуд, ки ин ҳунари волои ниёгони мо ба аз навсозӣ ва барқарор намудан дар деҳот зарурият пайдо намудааст.

Аз таҷрибаи суннатии сохтани биноҳои истиқоматӣ дар деҳот

Дар шароити гуногуни деҳоти Тоҷикистон мардум аз давраҳои қадим ба хонасозӣ машғул буданд. Вале донишмандони мардумӣ дар ҳар минтақаи ҷумҳурӣ вобаста аз шароити боду ҳаво ва дараҷаи ба зилзила тобовар будани хонаҳо чанд намуди хонасозиро пеша намудаанд.

пешина
аз 56
навбатӣ