Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Махсусан дар ҳавлии ин деҳқон як дарахти себи бобогӣ, ки вайро мардуми маҳал навъи «Рахшак» меноманд бисёр диққатҷалбкунанда мебошад. Дар ҳавлии вай инчунин як навъи маҳаллии зардолу месабзад, ки мардум ин навъро «Зардак» меноманд, хело меваи хуб дорад ва хеле дер дар моҳи октябр пўхта мерасад.

Аз таҷрибаи пайванд намудани якчанд навъҳои себ дар танаи як дарахт

Муҳабат Абдурахимов аз деҳаи «Сари Кенҷа»-и ноҳияи Ҷиргатол, 65 сола. «Ман ин таҷрибаи қадимаро 50 сол пеш аз падарам омўхтам, ки вай аз чунин чорабиниҳо иборат мебошад: аввали баҳор ман навдаҳои пайвандшавандаи чанд навъи себро гирифта, аз истифодабарии пайвандкунии намуди исканапайванд ё ин ки кундапайвандро истифода бурда, ин навдаҳоро дар танаи як дарахт пайванд менамоям. Дар натиҷа ман дар танаи як дарахт 3-4 навъро пайванд менамоям ва мебинам, ки дар баҳорон як дарахт чанд намуди гулу ва чанд намуди мева медиҳад, ман хело хушҳол мегардам. Меваҳои ин дарахт ҳам дар вақтҳои гуногун пўхта, имконияти тамоми сол меваи себ доштанро мусоидат менамоянд.

пешина
аз 56
навбатӣ