Зеҳн
ТАВСИФ ВА ДАСТРАСӢ БА ТАҶРИБАҲОИ МАРДУМӢ ВА НАВЪҲОИ НОДИРИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 56 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Чи тавре ки аз сўҳбатҳо маълум гашт дар ҳудуди деҳаҳои ҷамоати деҳоти мазкур навъҳои маҳаллии себ - «Маликӣ», «Сафедсеб», «Шоҳинсеб», «Сафаракӣ», «Тўрушак», «Пахтасеб»; аз навъҳои зардолу «Сафедак», «Сурхак», «Қандак», «Моҳтобӣ», «Фалғарӣ»; аз навъҳои чормағз – «Қоқатак», «Ҳамелӣ», «Кўрак», «Қомба»; аз навъҳои ток – «Ҳусейнӣ», «Сиёҳангур», «Тойфӣ», «Сафедангур», «Хамирак»; аз навъҳои шафтолу – «Сафедак», «Сурхак», «Лучак», «Гирдак»; аз навъҳои тут – «Сурхтут», «Сафедтут», «Сиёҳтут», «Балхӣ», «Бедона», «Шоҳтут», «Марворӣ», «Алатут», «Искандарӣ»; аз навъҳои нок – «Сафедмуруд», «Ношпотӣ», «Нок», «Хафмуруд», «Анҷирак»; аз навъҳои гандум – «Сурхак», «Сафедак»; аз навъҳои боқле – «Сиёҳ», «Сафед»; аз навъҳои лубиё – «Сиёҳ», «Сафед», «Зард», «Алло»; аз навъҳои каду – «Чўбкаду», «Ширкаду», «Иродӣ» дар ҳавлиҳои мардум кишту кор гашта, то ҳоло онҳо нигоҳ дошта шудаанд.

6.5. Ноҳияи Тоҷикобод

Дар ноҳияи Тоҷикобод омўзишу тавсифи донишҳои нодири мардумиро дар Гурўҳи технологии деҳот (ГТД) дар деҳаҳои «Ганишоб», «Куглик» ва «Дараи мазори боло» дар бахшҳои гуногуни кишоварзӣ иҷро менамоянд.

Деҳаи «Куглик».

Технологияи пешгирии кўчиши хок дар заминҳои нишеб.

Дар деҳаи «Ҳоит» Гурўҳи технологии деҳот дар мавзўи «Технологияи пешгирии кўчиши хок дар заминҳои нишеб» кор ва фаъолият менамояд. Дар ин гурўҳ 5 нафар мардони ин деҳот аъзо мебошанд.

пешина
аз 56
навбатӣ