Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 98 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 98 аз 470 · 3 ноябри 2026

Дар дуродур, тахмин дар наздикиҳои шаҳри Панҷакат, Зарафшон ба шохобҳои зиёде тақсим мешуд, шохобҳо мисли морҳои сафедча печу хам хўрда мерафтанд, айнан роҳи Сафедхок барин. Офтоб андаруни Зарафшон ғайб зад. Вале аз сари Сафедхоки Калонӣ менамояд, ки офтоб даруни уқёнуси ороме мисли лаълии мисини гудохта шино мекунад. Оҳиста-оҳиста кўҳи сиёҳе пеши онро гирифт.
Ҳаким беихтиёр «их» гўён хари зерашро пошна зад ва чашм аз манзараи дури наздикнамо барканд. Пеши чашмаш торик шуд, баъди шом ба сари хирман расид. Аспе аз сари хирман шиҳа кашид ва касе аз рўи чоши гандум хест.
— Омадӣ, Ҳаким?
— Ҳа... Биргад? Шумо чӣ хел пеш омадед?– дар ҳайрат афтода пурсид Ҳаким.
— Ман бо роҳи Сурххок омадам.
Ҳаким харҳоро дуртар аз чош ронда, ҷуволҳоро ба сари хирман партофт ва аз бригадир пурсид: «Танҳоӣ?»
— Не, Амаки Равшану Амонулло сари чашма фуромаданд.
— Хайр, то онҳо омадана, – гўён ҷуволро ба лаби чош хобонда, гандумро бардоштан гирифт.
Амаки Равшани бодгар ва хирманбон Амонулло дар кўзаҳо об оварданд. Онҳо ҳам ҷуволҳоро ба лаби чош хобонданд. Акнун дуду гандум мебардоштанд. Бригадир бо дандонҳояш лаби ҷуволро медошт ва бо дасти рост гандумро баробари Ҳаким мебардошт.
Ҳама хомўш буданд, гўё ба чашмакзании ситораҳо ва ба садои ба ҳам соидани донаҳои гандум халале расондан намехостанд.
Ҳакиму бригадир чуволро бардоштанд ва Ҳаким аз миёнбандаш шавнӣ (даҳонбанд) гирифта, даҳони ҷуволро баст.
— Ширкат набошад, ҳамин гандуми Чориф халқро бас,– оҳиста гуфт Амонулло ба гўши амаки Равшан.
— Бе ин намешавад, Амонулло, қарз, додан даркор. Агар тухмӣ аз худи колхоз мебаромад ва шартнома намешуд, мумкин буд.– Эзоҳ дод мўйсафед.
— Оҳиста-оҳиста ҳамааш дуруст мешавад, – фаҳмонд бригадир.
Вале Ҳаким намедонист, ки ба онҳо чӣ ҷавоб диҳад, корзор ва рафтори Холи ширкаткашон аз лавҳи хотираш гузашт. Харҳоро бор бастанд.
— Дар зери дарахти сада ҷуволҳоро рах зану зуд баргард,– гўё ба писарбаччае ёд медод бригадир Сафо. Вале Ҳаким ба ин аҳамият надод.
Харҳо аз Сафедхок нишеб шуданд. Зери пои харҳо «гум, гум, гум» садо мекард, гўё зери роҳ ковок бошад. «Дар ин хел ҷойҳо кўзаи тилло мешавад, мегўянд» аз дил гузаронд Ҳаким... Харҳо хамиеро гузашта, ба Сафедхоки Хурдӣ расиданд ва дар ҳамин ҷо пордуми харе канда шуда, ҷувол аз гарданаш парид.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан