Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 97 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 97 аз 470 · 3 ноябри 2026

Пагоҳиҳо шохбандеро гирди миён печида меравад ва дар бозгашт як пуштора шибоғ мебиёрад.

4

— Абдуҳаким, ширкатро худат мекашонӣ, пас аз воқеаи порсола ба ҳар кас бовар намекунам,– гуфт бригадир, маъюс ба дасти маҷрўҳаш нигарист ва идома дод: – Нашунидаӣ?
— Не.. Чиро мегўӣ?
— Ширкаткашони порсоларо.
— Не..
— Ман ба Холи Мурод бовар карда ширкатро ба ихтиёраш супурдам. Даҳ хар гандумро рост ба Фалғар ҳай кардааст. Нотарсия бинед, ба баъзе одамони дар роҳ дучор омада фаҳмондааст, ки аз заготзерно ҳамин хел фармон шуд. Ман бовар накардам.
Аз пайи ў шудам. Тамоми Заҳматободро давр гаштам, вале касе дарак надод. Баъд хабар доданд, ки ба тарафи Мастчоҳ рафтааст.
Лекин аз худи Заҳматобод дошта гирифтем.
— Ҳаа, хоин фақат дар ҷанг намешавад... Ин хел бошад, то ҳар бори рафта омаданам дилат гуп-гуп мекардагист?
— Не... ту бошӣ, не... охир, вай лаънатӣ як бору ду бор набурда буд,– бригадир нигоҳашро аз паҳнои дашт баргирифта рў ба кўҳҳо овард ва баъд ба Ҳаким кори ояндаро шарҳ дод:
— Имрўз гандуми Чорифро аз бод мебароранд. Шабакӣ мекашонем ва пагоҳ ту ширкатро мебарӣ. Танҳо метавонӣ?
— Писарам калон-ку, ҳамроҳ меравем.
— Ҳа, ба писарат ҳам рўзи меҳнат медиҳем...
— Биргад!– аз тангкўча баромада хитоб кард Ҳасан,– Ман дигар харамро намедиҳам!
— Чӣ шудааст?
— Тамоми баҳор пору кашонд, тухмӣ бурд, лекин як рўзи меҳнат надорад. Вақти ба саратон мушкилӣ омадан рўзе ба ҳар хар ним меҳнат гуфта будед...
— Тез нашав, Ҳасан, саҳв шудагист.
— Чӣ хел тез намешавӣ, ба ман хар лозим. Савор шуда ба дарав равам ва аз он тараф ду банд алаф ё ҷорўб биёрам, фоида нест? Лекин кори колхоз пеш равад, гуфтам.
— Ман медонам, ту одами хуб, сабр кун. Табелчӣ ҷавон...
Бригадир Ҳасанро тасаллӣ дод ва ба Ҳаким фармуд, ки рафта аз оғили колхоз харҳоро пешандоз ба Чориф барад. Ҳаким тахтапушташро ба танаи сада, ки то ин вақт такя зада менишаст, такон дода бархост ва сўи говхона равон шуд. Харҳоро ҳай карда овард.
Ҷуволҳоро ба харе бор карда, бо ресмон кашид ва фикр кард, ки бо роҳи Сафедхок равад ё бо роҳи Сурххок. Роҳи Сафедхокро ҳамвортар дониста, харҳоро пеш андохт. Ба саргаҳи Сафедхок баромада, гўё тамоми водии Зарафшонро аз назар гузаронд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан