Ба ҷои падараш овард. Мардон давра нишастанд. Шохаҳои тути қатори лаби ҷўй аз баччаҳо вазн оварда буд. Онҳо баччаҳое буданд, ки дастархон бардошта овардаанд ва ё ба ҷои падар омадаанд, ё танҳо ҳаваси бозӣ доранд ва ё тамошо. Ҳама омадани раисро интизор буданд. Ў савори аспи сиёҳмушкин аз Лалм фуромада омад.
Баъд мардуми ба пешвозаш бархостаро нишонд... Дастархонҳоро кушоданд. Раис «ба баччаҳо диҳед» гуфт ва баччаҳо мисли тут аз шохи дарахт ба замин рехтанд. Дар дастархонҳо нон ҳам буд, қалама ҳам буд, чормағзу тутмавиз, равғани зард, қурут ҳар касе, ки ба ин рўзи нав ягон чизро пасандоз карда бошад, дар рўи ин дастархон фаро омада буд. Гўё ҷанг ҳеҷ чизро набурдааст. Имсол мардҳои нав ҳам хастанд.
— Мушкилиамон ҳамин баҳор, ин ҳам гузашт, гўед. Мева пазад, ғалла расад, тинҷ мешавем, – гуфт раис ва ба мўйсафеди рўзгордида ва зиёда аз сад бор чунин баҳорро пешвоз гирифта ишора кард, то нон гирад.
Дар паҳлў бар гардани ҳафт ҷуфт барзагов юғ андохта буданд.
Говҳо кафша мекарданд ва дар офтоби баҳор мўи тахтапушташон ҷило медод. Гови пири каллахам ва барзагови маллаи сумдароз як ҷуфти ба ҳам тир буданд. Суст мегаштанд: бамеъёр ва аз субҳ то шом. Ҳатто пушти гўшашон арақ намекард ва ба онҳо марде лозим буд, ки мағзи устухон ва мадораш баробари ин барзаговҳо дошт дода тавонад.
Як ҷуволи ало дар сари вот меистод, ки гўё сарчашмаи уммед ва мояи рўзгори одамон буд.
Ба дастархон барака талабиданд ва раис бархоста, даҳони ҷуволи алоро кушод. Мўйсафеди хамидақомат фўтаашро пешгирак карда ба сари ҷувол омад, гўё ки кафсанг металабида бошад. Раис ҳавучашро пур карда ба пешдомани ў гандуми баҳорӣ андохт ва мўйсафед ба замини корам даромад. Кафашро пур-пури гандум карда «Баракати деҳқон!» гўён ба замин донаҳои тиллорангро пош дод. Пешдоманро холӣ карда, боз сари ҷувол омад.
— Бобо, шумо сари замин истед, ман бо ғалбер мебарам, – гуфта Ашўра аз замин ғалберро бардошт ва ба даҳони ҷувол гузошт.
Шогирдони ў бо ҳайрат ба муаллима нигаристанд.
Ҷуфти сумдарозҳо Ҳакимро насиб шуд. Ў аз паси мўйсафеди Муҳаммадӣ ба замин огард зад. Дур ҳай карда «бо, парч!» гўён ҷуфтро гардонд ва давр зада омад. Ҷуфтгарон омочҳоро ба сари сина тир карда ба замин фурў медоданд. Нидоҳои «Чу! Боо, парч!»
пайи ҳам боло мешуданд. Гўё ҳар сол аз ҳамин рўз зиндагии нав оғоз меёфт. Барои Ҳаким ҳам, барои муаллима ҳам, барои раису бригадир, барои ҳама: барои деҳа ва колхоз ҳам нав буд. Ва аз ҳамин рўз иборат Ҳаким отанг дар китф, говрона дар даст кўчаи канори рўдхонаро мераваду меояд. Аз нав марди рўзгор шудааст.





