Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 95 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 95 аз 470 · 3 ноябри 2026

«Усто Нормуҳаммад! Ба Ҳакимбой аз ҳақҳои осиёб чойрек орд диҳед. Бо иҷозати раис. Мудири анбор».
Коғазро ба дасти Ҳаким дароз кард ва аз кисааш носкаду бароварда гуфт:
— Инро ҳам гиред. Шоҳид. Вай фиреб хўрдагӣ, бовар намекунад. Баъд носкадуро ба писаратон диҳед, меорад.
Ҳаким ба анбор чашм давонда чаҳор равзана ва як тарозуи бекорро дид ва аз дар баромад. Қад-кади рўд садои оби чандин сол аз гўшҳояш дур шударо бо ҳавас шунида, қадам мепартофт.
Санги сиёҳи азим, ки ҳезумкашон ба рўи он нишаста табар санг мезананд, ҳоло ҳам барҷост, селу обхезҳо набурдаанд ва гоҳи ҷанг рафтанаш ҳамин зайл буд. Гўё касе дар тўли солҳои охир ба он санг табар тез накардаст. Ва болотар аз он даҳонаи ҷўи Боғи Гарон ҳам вайрон аст ва гўё дар зарфи солҳои ҷанг касе ба он дарахтони пир об намонда бошад...
Ҳаким ба зери дарахти туғи рў ба рўи осиёб дергоҳ ба парраҳои чархи осиёб нигарист. Ба шасти тамом ба чарх бархўрда ва аз моҳихона ором ҷорӣ шудани обро дида, «Ҳамон ист, ҳеҷ чиз дигар нашудааст» гуфт ва сангпарҳоро парида, ба баландии осиёб баромад.
Усто Нормуҳаммад ўро дар пеши дар хушнудона пешвоз гирифт ва вақте ки Ҳоким коғазу носкадуро баровард, ранги рўяш тағйир ёфт.
— Камтар сабр мекунед... Дина ҳатто орди камарро рўфта додам, ҳоло ҳақ наафтидааст. Ана бинед, аз ин муштақҳо чӣ ҳақ мерўяд.
— Осиёби боло ҳам ҳамин хел бошад?
— Осиёби боло соли аввали ҷанг хоб рафта буд. Парраҳояшро мардум бурда сўхтанд... Ба ҳамин як санг ҳам бор ёфт шавад, хуб.
Садои ба парраҳо бархўрдани об, ҳамвора бо як оҳанг гирд гаштани санг, шақшақи сагаки ларзон ва чанг-чанг ба камар пош омадани орди зери санг касро ба ҳолате меовард, ки сар ба каф гирифта сукут варзад ва ё ба назди оташдон ғунча шуда хоб равад...
— Азоб, ако!
— Ээ, Нормуҳаммаде, ин чӣ азоб аст, даруни орду ғалла магар азоб? Ин ҷаннат, додарам, – гуфт Ҳаким ва табассумкунон аз дар баромад.– Хайр, бегоҳ Валӣ омада мебарад...

3

Ду рўз қабл аз иди Наврўз мардум дар доманаи деҳа ба ҷуфтбаророн ҷамъ омаданд. Ҳар кӣ бозёфташро оварда ба рўи шоли густурда мегузошт. Муаллима Ашўра ҳам дастархон карда овард.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан