Ҳаким харҳои дигарро аз роҳ надошт. Ресмони хари бўрро кушод ва ҷуволро рост кард, баъд бардошта ба рўи харсанге гузошт. Харро аз поён уреб монда, хам шуда ҷуволро оғўш кард, вазнашро бар зонуи росташ партофта, боз аз поёнтари ҷувол даст гирифт, сипас бо ёрии зону ҷуволро бардошта ба пушти хар гардонд. Аз вазни ҷувол миёни хар хам хўрд ва саҳл монд, ки ҷувол афтад. Ҷуволро ба мизон овард ва палтар кашида сахт пордум гирифт ва як халачўб ба думғозаи хар зад. Хар як уреб шуд ва ба роҳ баромада тез гашт.
Ҳаким харҳои дигарро дар даромадгоҳи деҳа дарёфт. Бори хари сафед ба гарданаш фуромада буд. Ҷонвар сар боло карда бо зўри гардан ҷуволро медошт Харҳо худ аз худ назди сада қарор гирифтанд. Ҳаким чуволҳоро фароварда рўи суфа рах зад ва шаббони мактабу магазинро фарёд зада гуфт:
— Ана, ҳафт ҷувол гандум, ба ихтиёри ту...
— Чаро хар шаштаю ҷувол ҳафта?
— Чӣ хел?... Як, ду, се, чор, панҷ, шаш... як, ду... панҷ, шаш..
як... шаш… ё тавба, хари ту ҳаст, хари Амонулло ҳаст, хари Шодиву Шариф ҳам ҳаст... Ээ, хари Ҳасан нест. Худо гирад вай луссака... Ин тараф-ку нагузаштааст?
— Не, нагузаштааст, – ҷавоб дод шаббон Юнус ва лангидалангида лаби суфа нишаст.– Хайрият, ки шумурдам, вагарна худо мезадам.
— Охир, хар қатӣ гум, ба ту ҳеҷ чиз намешуд, лекин ба ман...
Бригадир бисмиллояшро хонда буд-а... ман канори роҳро бо диққат нигоҳ карда омадам, дар роҳ намондааст. Хонаи соҳибаш нарафта бошад? Каме нигоҳ кун, ман як хабар гирам...
Ҳаким то дарвозаи Ҳасан тохт ва дарвозаро кўфта фарёд кард:
— Ҳасан, ҳоо Ҳасан!
— Ҳўў!– ҷавоб дод марде.
— Харат наомадааст?:
— Не! Гург хўрд, гўй! – дарвозаро кушода гуфт Ҳасан.
— Нее, гург хўрад, беҳтар буд. Бо ҷуволи гандум гум. Ман андак қафо мондам, деҳа фароям, нест. Гумон кардам, хумор карда омадааст... Бекор бошӣ, биё кобем...
— Чоруқҳоямро пўшам... Рафтан гир...
— Ман Валиро аз хона ҷеғ мезанам!..
Ҳаким ба хонааш рафта писарашро «зуд сари кўча биё» гуфта баргашт. Ў ба назди сада нарасида, писараш тозон омад. Ҳасан ҳам омад.
— Харҳоро аз паси мо ҳай гў, – фармуд Ҳаким.





