Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 469 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 469 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Меояд, писарам, ғам нахўр.
— Яке наояд?..
— Саврӣ нигоҳ карда мешинад, то омаданаш нигоҳ карда мешинад.
Ҷовид надонист, ки ба гапи ў чӣ ҷавоб диҳад. Гапро ба дигар тараф гардонд:
— Падари Ҳабиба чӣ, оча?
— Чӣ хел падари Ҳабиба?
— Агар аз ҷанг биёяд, ў ҳам нигоҳ карда мешинад?
— Не, баччем, мардҳо чени занҳо пурбардор нестанд. Падари Ҳабиба биёяд, ягон касро ба занӣ мегирад.
— Ман ҳеҷ гоҳ зан намегирам, оча, фақат туро бонӣ мекунам.
Соро гап назад. Ҷовид умедвор буд, ки модараш ба ин гапи ў ягон чиз мегўяд, вале Соро ба хаёл рафт.
— Оча!
— Ҳа!
— Чаро ягон бор Ҳабибаро ба хона биё намегўӣ?
— Охир, ў бегона гуфта, ба хонаи мо намеояд.
— Чӣ хел бегона? Бегона не... баъд ў танҳо?
— Ба хонаи холааш меравад.
— Кадом холааш?
— Зани Абдул чӣ, очаи Мўсохон.
Ҷовид андаке хомўш монд. Соро гумон кард, ки хоби ў бурд.
Як оҳи вазнин кашид.
— Оча!
— Ҳа!
— Чаро ҳама ба хонаи онҳо мераванд?
— Кӣ ҳама?
— Холаи Саврӣ ҳам, Ҳабиба ҳам...
— Хешутаборӣ, баччем. Акнун хоб рав.
Ҷовид дам ба дарун кашид, лекин хобаш набурд. Паҳлў зад, нафаси дароз баровард, пойҳояшро ҷамъ кард. Соро ҳам худро ба хоб андохта рафтори писарашро мушоҳида кард. Ва пас аз хеле вақт садои дароз-дароз нафас кашидани Ҷовид баромад ва модар баҳузур хоб кард.
— «Оча!
«— Ҳа!»
«— Ҳабибаро ба хона биё нагуфтӣ?»
«— Гуфтам, наёмад».
«— Чӣ хел наёмад?»
«— Ҳамин хел, зани Абдул намемонад. Худаш келин карданист».
«— Ба кӣ?»

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан