Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 468 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 468 аз 470 · 3 ноябри 2026

Раво надид. Дигар чиз пурсид:
— Холаи Саврӣ ҳам буд? Вай ҳам буд?
— Кӣ?
— Вай... Холаи Саврӣ, – Ҳабибаро дар назар дошта буд, вале гуфта натавонист.
— Не...
Соро шинелро таҳ кард, ки зери сараш монда андаке бароҳат дам гирад ва ба хаёлаш чӣ ва ё кӣ омад, ки аз лаби шинел дошта қоматашро рост кард.
— Ҷовид!
— А?
— Ин ҷо биё!
Ҷовид ба модараш наздик шуд. Соро гап назада шинелро ба китфи писараш партофт ва остину бари ҷомаашро қат карда гуфт:
«Ҳамин қадараш бас».
— Не, оча, шинелро кўтоҳ накун, ман калон мешавам.
Шинел аз дасти Соро афтид ва ў «Ба қаду бастат очат мурад!»
гуфта сари ўро оғўш кард.

23

Соро шинелро кўтоҳ накард, балки остини онро бар зад ва лаби доманашро дарун қат карда дўхт. Ва ба худ гуфт, ки зимистони писарашро мебарорад. Ҷовид ба қату лабҳои халтаи шинел кор надошт. Танаш пўшида шавад, шуд. Замонаро ҳама донанд. Касе нахандад, ки шумо чӣ мепўшед. Ҳар кас ёфтаашро пўшад. Ҳар кас доштаашро хўрад. Ҳоло ҳаво гарм, хуни Ҷовид меҷўшад, бе шинел ҳам мешавад. Кори зиёд надорад. Дар бораи Ҳабиба бисёр фикр мекунад, вале худи ўро дучор намеояд, ҳатто дар хобаш ҳам намебинад. Саврӣ ҳам наменамояд, ки аз ў маслиҳат гирад. Аз хонаи ў рафтан ибо мекунад. Аз гапи мардум тарсад. Пештара барин ба Саврӣ печон мебуд, ҳоло худи занак чандин бор хабар мегирифт. Чӣ шуд, ки одами он қадар ҳурмату эҳтиром карда якбора худро дур гирифт. Вале имрўз гуноҳашро ёд овард, боз Савриро пазмон шуд. Охир, ягона касе, ки хатро гирифта хонда, аз Аюб огоҳ шуда буд, ҳамин Ҷовид аст.
— Чаро хоб намекунӣ, Ҷовид? – паҳлў гашта пичир-пичир кардани писарашро пай бурда пурсид Соро.
— Оча! – ба ҷои ҷавоб садо баровард Ҷовид.
— Ҳа!
— Яке амаки Аюб наояд, баъд холаи Саврӣ чӣ кор мекунад?
Соро надонист ба ў чӣ ҷавоб диҳад. Хомўш монд ва пас аз муддатҳо гуфт:

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан