Болотар духтараке фарёд зада ба ҷояш нишаст ва бо бари ҷомаи мардона худро печида пойҳои бараҳнаашро панаҳ кардан хост. Баъд ба сўи адир нигариста «Ўро бинед, ўро бинед, апаи Соро!» гуфтан гирифт. Соро ба бари адир нигарист, ки Мўсохон...
сари санг нишаста дандон гиз карда сўи онҳо менигарад.
— Гум шав аз ин ҷо, девона! – фарёд зад духтар.
Писарак гўё ки бо дандонҳояш гапи ўро мешунида бошад, лабонашро аз ҳам дур карда, дандон намуд.
— Айбро намедонӣ, мардак шуда истодаӣ... – гап наёфта чунин гуфт Соро.
Ҳамин вақт осиёбон ба сари шовахона ҳозир шуд.
— Ҳӣ-ҳӣ! – боз хандид Мўсохон.
— Гум мешавӣ, ё ҳамон ҷо баромада лингатро аз осмон биёрам? – дўғ зад Зулайхо.
— Чулулунг-чулулунг-чулулунг!
— Исто! Ин падарлаънати адабчўбнадидаро чўб занам! – як ба сўи адир майли баромадан кард Соро.
Мўсохон боз ҳам аз ҷояш наҷунбид.
— Мўсохон, шумо бисёр баччаи нағз, канӣ аз ин ҷо зудтар дафъ шавед! – ҳазлро ин зайл гардонд Зулайхо, – Ҳо, шери холеш.
— Ҳӣ-ҳӣ!
— Ҳӣ-ҳӣ нагуфта зудтар равед-чӣ?
— Ҳӣ-ҳӣ!
— Ҳа, ҳӣ-ҳӣ. Канӣ!
Мўсохон гаранг шуда монд. Нафаҳмид, ки занҳо чӣ мегўянд.
Осиёбон ба сари шовахона ҳозир шуд, ки обро ба сўи осиёб гардонад. Ў сари хамашро боло накарда обро гардонда рафт.
Вале Мўсохон ҳоло ҳам сари санг менишаст. Соро дид, ки ба гап намешавад, як осўхтаро аз таги дег кашида сўи ў рафт. Ў бархоста болотар баромад ва боз нишаст.
— Мон, Соро, чашми вай чиро кам мекунад! – гуфт Зулайхо.
Саврӣ набуд, ки Мўсохонро гап зада аз он ҷо ронад. Ба дуою таҳқири Соро ў эътиборе надод. Занҳо баробар «рафта падаратро меорем» гуфта, ўро аз бари адир ронданд.
Соро либосҳоро аз офтоб гирифта, таҳ карда-таҳ карда болои шинел гузошт ва дегро аз сари оташдон фароварда парў кард.
Баъд либосҳоро ба сар бардошта сўи хона рафт.
Ҷовид ҳам дар ҷомаи ҷанда печида буд. Модараш куртаю эзори ўро дода «Андактар рафта дегро биёр» гуфт.
Ҷовид ба хона даромада либосашро пўшид ва як дил кард, ки назди Ҳабиба равад. Ҳатто як рўяшро ба ҷониби модараш гардонд, ки пурсад: Ҳабиба ҳам Сари Нов рафта буд ё не?





