Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 466 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 466 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Наход, ки дарав тамом шуда бошад? – маънидор пурсид Ҷовид.
— Ҳа, тамом шуд, – гуфт духтар, вале нафаҳмид, ки бо ин гапаш ба Ҷовид сахт гуфт.
Ҷовид хост ба ў гапи бисёр гўяд, вале натавонист. Ҷуръати ба кор нарафтаи ў имкон надод, то муддао арз кунад. Мисли касе, ки аввалин бор ба боғи бегонае барои дуздӣ даромада бошад, дилаш бозӣ кард ва дасту пояш ларзид. Ҷовид аз муҳаббат гап кушоданро раво надид ва якбора ба сараш чунин гап омад:
— Мегўянд, ки ҷанг тамом шудааст.
— Кӣ мегўяд?
— Калонҳо.
Ҳабиба ба чашмони Ҷовид нигоҳ карда монд. Бадани Ҷовид ларзид. Ў ба ғуруби офтоб нигарист, чашми офтоб хунин буд.

22

Агар имрўз роҳгузаре миёни деҳро мегузашт, медид, ки тамоми занҳои деҳа барои ҷомашўӣ сари Нови Осиёб баромадаанд. Дуру наздик болои оташдонҳои сангӣ дег гузошта либос меҷўшонданд.
Дуди чалмаю саргин каҷу рост тоб хўрда ба фазо мебаромад.
Касе, ки аз лаби теппаи баланди канори деҳа мушоҳида мекард, меангошт, ки моҳигирон ҷо-ҷо лаби обе, ки осиёбро мегардонд, моҳӣ бирён кунанд. Занҳо, занҳое, ки дирўз аз дарав баргашта буданд, либос мешустанд. Соро аз об парида он тараф дар буни харсанг оташдон сохта, аз канори он дур намерафт. Ў худро эҳтиёт карда, печида менишаст. Дурусташ, шинели Шайдоро пўшида буд. Мўякҳои он бадани лучи ўро мехўрд. Вале ў тоқат карда, либосҳо болои санг монда, бо кўба мекўфт ва ба об кашида боз ба дег меандохт. Шояд аз сабаби набудани собун чунин рафтор мекард. Соро дар лаби об нишаста дам ба дам бо барҳои шинел худро мепечид, вале барҳои шинел ба атроф шорида ронҳои ўро пинҳон дошта наметавонистанд. Ў бари шинелро гардонда ба хами зону пахш мекард, то соқу ронҳои бараҳнааш пўшида шавад.
Чун хестанӣ ва ё либосҳои шустаро сари гулхорҳо офтоб карданӣ шуд, аввал атрофро аз назар мегузаронд, то ягон кас набошад.
Соро аввал куртаю поҷомаи худро шуста ба офтоб паҳн кард ва чун намаш парид, пўшида, шинелро таҳ карда сари санг гузошт ва қоматашро рост карда ҳама ҷоро бадиққат аз назар гузаронд.
Ба ҷуз духтарон ва занҳои ҷомашўй касе нанамуд. Баъд боз ба оташи таги дег саргин гузошта, андаке ба сукут рафт. Чанд қадам поён садои оби шовахона меомад. «Осиёб бебор мондааст» аз дил гузаронд ў ва фикр кард, ки саракҳои дирўза чидаашон, ки раису оқсақол барои гирифтанаш иҷозат доданд, пагоҳ осиёбро гардон хоҳад кард...

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан