— Чӣ шудааст, Ҷовид? – аз нигоҳи ў маънӣ гирифта пурсид Саврӣ.
— Тамом, холаи Саврӣ!
— Чӣ? – кўзаи ба лаб бурдаро пас оварда пурсид Саврӣ.
— Дарав, ҷанг. Боз...
— Боз чӣ?
— Боз... – Ҷовид гап наёфта ба ҷониби Ҳабиба нигарист. Ҳабиба сарак мечид...
— Ҷовид чӣ мегўяд, Саврӣ? – аз он тарафи бандҳо фарёд зад Соро.
— Ҷавон-дия, тафсидааст, ҳалқаш қоқ шудааст.
— Ҳа-а, – гуфт Соро, вале ба ишораи Саврӣ сарфаҳм нарафта, ба замин хам шуд, то саракҳоро бардорад.
Ҳама ба саракчинӣ даромаданд. Онҳо сатил, сабад, табақ ва халтачаҳо доштанд, хўшаҳои афтидаро ҷамъ меоварданд, вале Ҷовид саракҳоро дар кафи дасти чапаш ҷамъ мекард. Кафаш ки пур шуд, ба сатили Саврӣ меандохт, ба сабади дасти модар мепартофт ва бисёр мехост, ки як бор кафашро пур-пури сарак карда ба халтаи Ҳабиба андозад: «Ҳабиба, имрўз – охирин рўз, а? Мо дигар ҳамдигарро намебинем, а?» Дар дил такрор мекунад Ҷовид, то ба Ҳабиба гўяд, вале натавонад. Қоматашро рост карда, вақти хам шудан ба ў нигарад. Вале Ҳабиба ба худ гирифтор аст. Ҷовид тез-тез сарак чида пеш равад, ба паҳлўҳо гузарад, то ба Ҳабиба наздик шавад, фурсат ёфта, ягон даҳон гап занад. Гапаш ҳама вақт дар нўги забон гардад, вале гуфта натавонад. Ба назараш, дар даст як зарфи зебои чинӣ дорад: чун забони сухан кушояд, аз даст афтида шиканад. Кафи дасти чапи ў пур аз сарак шудааст, дона-дона шорида афтад, вале ў ба зарфи ягон кас наандозад.
Ҷовид дасти чапашро ба банди дилаш пахш кард, то нарезондаю нашоронда то назди Ҳабиба равад. Гашта-гашта рафт. Наздик шуд. Ду-се ба ў нигарист. Гап задан хост, вале натавонад. Дилаш тапида гўё то гулўяш омад. Баъд худро гум карда ба кулўхе пешпо хўрд ва саракҳо ба замин рехтанд.
Ҳабиба ба ў нигарист.
— Айби шумо, – ба нигоҳи Ҳабиба ҷавоб гуфт ў.
— Чӣ хел айби ман?
— Халтаатонро надоштед, ки...
— Ҳа, Ҷовид? – фарёд зад Саврӣ.
— Рехт! – ҷавоб дод Ҷовид ва дар ҳамин лаҳза барои халал расонданаш Саврӣ ба назари ў шум намуд. Ҳабиба худро қафотар кашид.
— Нагурезед акнун, – боз ба Ҳабиба рў овард Ҷовид.
Ҳабиба як ба Соро ва баъд ба Саврӣ нигариста то саракҳои рехтаро чидани Ҷовид ба ў наздик шуд.





