Магар табелчӣ ба нигоҳҳои тунду тези онҳо тоб оварда натавонист, ки лаҷоми аспашро гардонд...
21
Фардо дарав тамом шавад. Вале барои Ҷовид ногувор тобад.
Ў хоҳад, ки тамоми рўи олам гандумзор бошад, то ў дарав кунаду дарав кунад ва ҳеҷ тамом нашавад. Ҷовид барои он чунин ният кунад, ки агар дарав тамом шавад, Ҳабибаро дигар набинад.
Ҳарчанд ў касе надорад, бо вуҷуди он диданаш... Шояд, танҳо гуфта, ўро холааш ҳамроҳ гирад. Ў низ дардманд. Агар бори гарон нагўяд, мегирад. «Беҳтараш, ки ба хонаи Саврӣ ояд» – аз фикр гузаронад Ҷовид. Вале ин нияташро ба касе гуфта натавонад... Ҷовид бисёр фикр кард ва сараш ба дард омад. Ҳатто ҳамон зайл хобаш бурд. Дар хобаш Ҳабибаро надид, ки ба ў маслиҳат диҳад. Сорою Саврӣ гумон карданд, ки Ҷовидро офтоб задааст, барои ҳамин сараш дард кунад. Аммо Ҷовид гумонаш, ки дард кардани сараш ба фоидаи ўст: Ҳабиба омада ўро мепурсад ва «сарат дард накунад» мегўяд. Вале Ҳабиба ҳатто дар хобаш ҳам наомад. Пагоҳи дигар Ҷовид бедор шуда ситораҳоро тамошо кард ва ситораҳои зебо, равшан, муҷалло ва чашмрабо паймонаи орзуҳои ўро шикастанд. «Ҳабиба ҳам мисли ҳамин ситораҳо тоза ва дастнорас» боз аз хаёл гузаронд ў ва ба хулосае омад, ки ин ҳама хобу хоббиниҳо ба об гўяд...
Дарави охирин сар шуд. Ҷовид кўшиш кард, ки Ҳабибаро як бор бинад. Хилват карда дарди дилашро гўяд. Муяссар нашуд.
Тобаи охирини гандуми нодарав монд. Дили Ҷовид гуп-гуп зад, ки ана-ана қабзаи охиринро рўи бандинаҳо гузоранд ва «Ур-р-аа! Ҷанг тамом шуд, ғалаба!» гўянд. Агар суханҳои Ҳабиба рост бошад, назди ў омада гўяд, ки ҷанг тамом шуд, падарам меояд, мо ба хонаи шумо меравем...
«Урра» ҳам гуфтанд, бандҳоро ғарам карданд. Вале Ҳабиба ба ў нигоҳе ҳам накард. Дили Ҷовид таҳ зад. Илтиҷоомез ба Саврӣ нигарист, вале Саврии меҳрубон ҳам маънии нигоҳи ўро нафаҳмид. Аз афти кор, садои «Урра»-и даравгарон ўро парешон кард.
Тамоми заҳматҳо поён ёфт. Ин садо нидои ғалаба буд. Акнун шавҳараш аз ҷанг баргашта меояд: шаб ё саҳар, вале надонад, ки оқибат чӣ шавад...
«Саракчинӣ!» фарёд зад бригадир Наврўз ва садои ў мисли фармони ҳарбӣ расид: «Ба пеш!» Аранге хаёли Саврӣ парешон шуд. Чунон ки дигар яроқ лозим набошад, ҳама неши досҳо ба замин заданд. Ҷовид кўзаи обро ба сар бардошт. Саврӣ обхўрии ўро дида ташнагиаш ба ёд омад: «Кўзаро ба ман деҳ, Ҷовид!»
Ҷовид кўзаро ба ў дода як нигоҳ кард.





