Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 463 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 463 аз 470 · 3 ноябри 2026

Чун ў бо пайраҳаи Роҳрав нишеб шуд, аз пеш аспсавор баромада ўро боздошт. Зулайхо аз хар фаромад.
Савори ношинос низ аз аспаш фаромада, чашми хўрҷинро хабар гирифт. Аз афти кор, чизи хостаашро наёфт, ки ба худи занак наздик шуда, бадани ўро хабар гирифтан хост. Маълум буд, ки Зулайхо аз он мард ҳаросида худро ақиб кашид.
«Ҳў-ҳў-ҳўй!» дастро ба пешонӣ соябон карда ҷониби онҳо овоз баровард Бобои Ниёз. «Нарас! О-о-о, нарас, кадомӣ? Нарас!»
Зулайхо мардакро ба худ наздик намонда, ба замин нишаст. Он мардак болои сари занак рост истода, даст афшонда дўғ мезад.
— Ҷовид, ку дартоз рафта бин, он мардак кист ва аз ў чӣ хоҳад? – фармуд Бобои Ниёз.
— Мардак кӣ мешуд? Ё табелчӣ ва ё бригадир, – ба пирамард ҷавоб дод касе.
— Амак, фарёд кунед, ки даст нарасонад! – аз Бобои Ниёз хоҳиш кард Саврӣ.
Вале ҳамин вақт байни Зулайхою он мард моҷарое шуд. Мардак аввал хеле гуфт: аз афташ, гап таъсир накард, ки бо зўрӣ аз миёни Зулайхо чизеро дошта кашид. Зулайхо ўро тела дода бархост ва бо ҷаҳлу ғазаб аз миёнаш як рўймоли мисли остинча дўхтаро кушода ҷониби мардак ҳаво дод. Мардак бо тамоми овоз ба ў гапҳои сахт мегуфт. Садои ўро бод меовард, вале суханҳояш бурро ва шунаво набуданд. Зулайхо хеле дастак зада, чандин бор ба замин шишта хест ва ба мардак чиҳое ки гуфт. Мардакро даравгарон шинохта «Ин кори ҳавай-бригадир» гуфтанд, Мардак ба асп савор шуда, бо ҷаҳлу ғазаб деҳаро нишон дода ба Зулайхо чизе гуфт.
Савор як чизи сурхро кашол дошта сўи даравгарон лаҷом тофт.
Табелчӣ будааст. Ў омад-омаду латтаи сурхи алочаро, ки мисли остинча кашол дошта буд, сўи даравгарон ҳаво дод.
— Чӣ истеза мекунӣ? – аламангез аз хашмолуд гуфт Бобои Ниёз.
— Худатон бинед! – халтаи остинчашакли дар замин кафида ва гандумаш рехтаро нишон дода гуфт ў.
— Бе нимхўрд гандум колхоз афтида намемонад.
— Ҳар кадом нимхўрдӣ баранд...
— Либоси ҳамаро бо як олчин набур, – боз аз номи ҳама ҷавоб дод Бобои Ниёз. – Пурсидӣ, ки барои чӣ ин корро кардааст?
— Пурсидам... Ҳозир баччаи кӣ гушна не. Кӣ нахоҳад, ки як каф гандум пасандоз дошта бошад.
— Яке пасандозро фикр кунад, дигаре бурдае нонро, – гуфт Бобои Ниёз, вале дигарон аз ин рафтори табелчӣ ҳайрон, рострост меистоданд.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан