Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 462 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 462 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ман аз дидори ту сер шудан хоҳам...» дар майна такрор кунад ў, вале гуфта натавонад. Тамоми рўз ў фикр кунад, худ ба худ гап занад: дар нонхўрак ҳам, вақти дамгирӣ ҳам, гоҳи хоб ҳам: «Ҳабиба, Ҳабиба, Ҳабиба!».
Соро баъзан рамуз гирифта ба писараш нигарад, ў мисли марди рўзгордор андешаманд намояд. Гўё бори гарони рўзгор ба дўши ў афтида ва фикри зиёди ў аз ҳамин ваҷҳ аст. Ҷовид ҳамин сол қад кашидааст. Ба рўяш доначаҳо пайдо шуда, худ аз худ боз зери пўст ғайб зананд. «Мизоҷи писарак гарм, гармо нафорад»
гўянд. Аз ин гап Ҷовид шарм кунад ва боз дуздида ба Ҳабиба нигарад, ки ба ин гап аҳамият диҳад ё на? Ҳабиба бепарво, ҳама гапҳои дар хоб гуфтааш дурўғ барин ва ин рафтораш дуд аз димоғи Ҷовид барорад. Баъзан ў чунон дарғазаб шавад, ки дандон соида чӣ гуфтанро надонад. Мехоҳад фарёд занад, то Ҳабиба ба ў нигоҳ кунад ва баъд гапашро гўяд, лек аз мардум шарм кунад.
Ҷовид хоҳад, ки аз дарави Роҳрав нарафта, матлабро ба Ҳабиба фаҳмонад, зеро баъде ки ба хонаҳо ҷо шуданд, худо донад, ки боре ўро бинад ё на.
— Холаи Саврӣ! – якбора ба ин тараф рў овард ў, вале занак ҷавоб надод. – Холаи Саврӣ!
— Чӣ мегўӣ, Ҷовид?
— Дарав тамом мешавад-а?
— Тамом мешавад.
— Боз чӣ кор мемонад?
— Бекор намемонӣ, Ҷовид, кор ёфт мешавад.
— Мегўям, ки кор набошад, ҳамаамон досҳоямонро тез карда ба ҷанг равем.
— Ҷанг кори ману ту не, Ҷовид.
— Рафтан даркор, холаи Саврӣ, ҳеҷ набошад, амаки Аюбро мебинем, ана вай духтарак падарашро мебинад...
— Кадом духтарак? – гўлпурсӣ кард Саврӣ.
— Ҳабиба.
Саврӣ як ба ў нигарист, вале ҳеҷ чиз нагуфта боз ба дарав хам шуд.
Аз ин рафтори Саврӣ Ҷовид хиҷолат кашид. Хост ба Саврӣ фаҳмонад, ки ин гапро аз дили соф гуфт. Вале Саврӣ ба гапи ў эътиборе надода ба дарав хам шуд. Ҷовид ҳам ноилоҷ ба дарав даромад. Банди фикру хаёл буд, ки чаро ин гапро ба Саврӣ гуфт.
Намегуфт, беҳтар буд. Намегуфт, ки Ҳабиба ҳамроҳ равад, беҳтар буд. «Саврӣ барои ҳамин хафа шуд» аз дил гузаронд Ҷовид.
Вале воқеае, ки ин бегоҳ ба вуқўъ омад, тамоми фикру зикри ўро парешон кард...
Офтоб парида, танҳо дар теғаи баланди кўҳи Гаҳвора зардиаш боқӣ монда буд. Зулайхо ба хараш савор шуд, ки деҳа рафта, пагоҳ сари субҳ баргардад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан