Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 461 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 461 аз 470 · 3 ноябри 2026

Ҷовид тапиши дилашро ҳис карда, бедор шуд. Як-як ҳама хобидагонро аз назар гузаронд. Ба Ҳабиба бисёртар нигарист.
Гумонаш, Ҳабиба айнан мисли ў хоб дида, ин қиссаро донад ва ҳоло аз шарм сар бардошта натавонад. Ҳабиба масти хоб. Ҷовид баргашта хоб нарафт. Балки сар хам карда ба андеша рафт: «Чаро ин савдо ба сари ман омад, аз куҷо? Ҳа, айби холаи Саврӣ» гуфт ў ва баргашта ба Саврии дар паҳлўи чапаш хобида нигарист...
— Ҳа, Ҷовид, чӣ шуд? Чаро хестӣ? – Саврӣ парида бедор шудани ўро дида буд, вале гап назад, ки ў хоболуд аст.
— Ташна мондам, – ҷавоб дод Ҷовид ва бархост, то аз кўза об хўрад.
Ҷовид об хўрда омада боз сари ҷогаҳ нишаст.
«— Холаи Саврӣ, ин сарбориро ба сари ман аз куҷо овардӣ?
Кўфти рўзона бас набуд, ки боз шабҳо бедорхобӣ мекашам?»
– Дар ин масъала аз Саврӣ домангир шуда чунин гуфтанӣ буд, вале боз забон хоид. Забон хоид, ки ин занакро ранҷондан ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин нест, зеро ягона касе, ки ў дўст дорад, ҳамин кас аст, вале надонад, ки барои чӣ? Ва нахоҳад, ки ба ҷои ин зан дар дилаш Ҳабиба ҷой гирад. Ҳатто вақте, ки шабҳо ў миёни модарашу Саврӣ хоб кунад, нахоҳад, ки пушташро ба якеи онҳо гардонад:
рўболо хоб кунад, барои ҳамин хобҳои зиёд бинад.

20

Имрўз Ҷовид Ҳабибаро дид: гўё ў дидаю дониста аз Ҷовид нагурехт. Баръакс, саргираки сурхро нимбар зада, пушти сар андохта буд ва бари рўи чапаш ба Ҷовид намуд, лекин дуртар буд:
дар байн модараш, бобои Ниёз, ду занак, боз як каси дигар, баъд Ҳабиба, дарав мекарданд. Ҷовид хаёле бари рўи ўро дид, ки сафеди камхун тофт. Барои он ки хубтар бинад, тез-тез дарав карда пеш гузашт ва қоматашро рост карда сўяш нигарист. Ў дарзаашро болои бандина гузошт ва пай набурд, ки Ҷовид нигоҳ дорад. Ба назари Ҷовид Ҳабиба хеле шикастадил тофт. «Барои он ки ман ўро ранҷондам, – аз дил гузаронд Ҷовид, – не, ў падарашро ёд кардааст».
— Саврӣ! Соро! – хаёли Ҷовидро пароканда кард Зулайхо.
— Ҳа! – баробар овоз бароварда рў ба занак оварданд.
— Бегоҳ ба деҳа намеравед?
— Не. – Боз баробар ҷавоб доданд онҳо, баъд Саврӣ илова кард. – Як рўз, ду рўзи дигар монд.
Ва ин гап ба Ҷовид аламангез расид. Беихтиёр ҷониби Ҳабиба нигарист, ки рўзҳои башумор мондааст ва ҳамин ки дарав тамом шуд, дигар онҳо ҳамдигарро намебинанд. Ва ў бояд бисёртар ба духтарак нигарад. «Саргиракатро тамоман гирифта партоӣ-чӣ, Ҳабиба?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан