Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 460 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 460 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ман нигоҳ мекунаму нигоҳ мекунам, ҳеҷ не, ки ягон бор нигоҳи чашмони туро дарёбам.
— Баракс, Ҷовид, ман ки нигоҳ кардам, ту чашматро бигурезонӣ. Қариб дарав накарда, ба ту менигарам.
— Ин гапат нодуруст, Ҳабиба, аз нигоҳ кардан дар чашмам кўк намонд...
— Нигоҳ накуну зинда бош... Ҷовид!
— Ҳа!
— Дина ба раис чӣ гуфтӣ, ки сарашро хам карда рафт?
— Ҳез чиз, Ҳабиба. Гуфтам, ки агар падарам намемурд...
— Чаро хомўш шудӣ? Агар падарат намемурд...
— Падарам намемурд, ба хонаи шумо мерафт...
— Ба хонаи раис?
— Не, ба хонаи шумо?
Ҳабиба ҳайрон монда, китф дарҳам кашид.
— Хайр... Баъд чӣ мешуд?
— Ту кўдак, намефаҳмӣ, а?
— Ба ростӣ, нафаҳмидам, Ҷовид.
— Нафаҳмидӣ... Падари ман ба хонаи шумо мерафт, худаш танҳо не, бо чанд кас, албатта, баъд падари ту ягои ҷавоб медод, ё хурсанд бармегашт ва ё хафа...
— Хайр, падарам биёяд, худат омадан гир. Ҷовид, ту медонӣку, ў чӣ хел одами нағз... Агар падарам биёяд, ман ба ту дигар хел гап мезанам... тамоман дигар хел.
— Чӣ хел – дигар хел?
— Ҳоло ин гапро гуфтан мумкин не, Ҷовид, вагарна мегуфтам...
Падарам биёяд, модари ту сиёҳашро партояд, баъд мегўям...
— Модари ман дигар сиёҳашро намепартояд, ту медонӣ, ки модарам чӣ хел падарамро дўст медошт, не, намедонӣ, Ҳабиба...
Ба назарам, дигар дар олам ҳеҷ кас ба зайли ў шавҳарашро дўст дошта натавонад...
— Не, Ҷовид, дўст медоштагиҳо бисёру мо намедонем.
— Шояд, – гуфт ва мисли одамони калон ба андеша рафт.
Дар ин миён Ҳабиба гирду атрофро аз назар гузаронд, ки ҳамроҳон ба онҳо чӣ мегуфта бошанд. Ба онҳо нигоҳ карду аз дил гузаронд, ки албатта мазаммат кунанд: зеро ин ду ҷавони кўтоҳақл давру замонро нафаҳмида ва шарм накарда дар паси бандҳо руст шуда ишқварзӣ доранд. «Агар фақат ҳамин қадар гўянд, дарди бахайр, – аз дил гузаронд Ҳабиба ва ба Ҷовид нигариста боз мулоҳиза кард: – онҳо дигар фикр кунанд: фикр кунанд, ки ману Ҷовид...»
— Чӣ? – магар духтар андешаашро баландтар гуфт, ки Ҷовид фаҳмида парешон шуд. – Чӣ гуфтӣ, Ҳабиба?
— Падарам сиҳату саломат аз ҷанг баргардад, мегўям, ки холаи Сороро гир, то на Ҷовид хор шаваду на ман...

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан