Соро писар дар паҳлў дошта сарашро оғўш мекард. Саврӣ ҳам сари Нозимро ба оғўш гирифт.
— Чӣ гап, раис? – салому алейк ва мондаҳою боракаллоро ҳам фаромўш карда, пеш баромада пурсид Искандари ланг. Вале ҳеҷ кас аз ҳоли Зулайхои шўх хабар надошт. Ў танаи дарахти туте буд, ки шоху баргашро баҳри кирмак бурида, каллак карда бошанд. – Чӣ гап, раис? – ба таҳаммули ў тоқат накарда боз пурсид Искандари ланг.
— Ҳеҷ гап не, – нарм ва оҳиста ҷавоб дод раис. – Хуносоро дошта бурданд, Ин ғалоғулаи ҳамон.
— Кадом хуносоро? – пештар аз дигарон пурсид Искандари ланг.
— Хуносои Дашти Қозиро.
Ҳама баробар нафаси чуқур кашиданд.
— Писарам, дигар ин хел новақт набиё, – ларзаи баданаш монда ба гап даромад Бобои Ниёз.
— Барои чӣ, амак?
— Мо дилгазон шудагӣ, баччем.
— Чӣ кор кунам, амак? Шумо ин ҷо шабу рўз миён шиканеду ман хоб кунам... Ҳозир дар саросари олам ҷанг, амак...
— Ҳа, баччем, мефаҳмам, инро ҳама медонанд...
Ҷовид як зайл ба асп нигоҳ мекард. Аз вақти омадани раис то ҳоло касе нафаҳмад, ки чаро ў ин қадар ба асп нигарад. Ҷовид аввал чўгурро дида чандон аҳамият надод, баъд худ аз худ аз дидааш ашк ҷорӣ шуд. Чўгур ҳам ўро шинохта, ду-се кишна кард. Баъд ба назари писарак расид, ки аз чашми асп ҳам ашк рехт. Вале ин чизро касе надид. Ҷовид ашки чашмашро аз чашми ҳама пинҳон дошт, ҳатто худро каме дар паноҳи Саврӣ кашид, то чашми Ҳабиба ба чашмаш наафтад. Чун раис ба асп савор шуда шабгир ба деҳа рафтанӣ шуд, Ҷовид аз байни ҳама ҷудо шуда, ҷониби ў тохт:
— Амак! Амак!
Раис лаҷоми аспашро кашид. Соро ҳайрон буд, ки писараш ба раис чӣ гап дошта бошад.
Ҷовид мисли марди калон, лаҷоми аспи раисро дошта, хомўш истод.
— Чӣ мегўӣ, Ҷовид? – каме майл карда пурсид раис.
— Ҳеҷ чиз не, амак... агар ягон кас ёфт нашавад, иҷозат диҳед, ман рафта ҷувозро гардон кунам...
19
— Ту чаро дар назди мардум бо ман гап зада наметавонӣ,
Ҳабиба?
— Гўё ки ту ин чизро намедонӣ.





