Буд, ки ҳаст. Вале дили Ҷовид истода-истода тапад. Ин чизро фақат Саврӣ пай барад, зеро ў дар бораи Ҳабиба гап зада буд.
Ҷовид ҳаминро дониста, бо эҳтиёт сўи Ҳабиба менигарад.
— Ҷовид! – яке овози Саврӣ баромад.
— Ҳа!
— Чаро ту карахт, доскашиат суст?
— Нағз, холаи Саврӣ.
— Ё очам омад гуфта дилат пур шуд?
— Не, холаи Саврӣ, – ҷавоб дод ў ва гумон кард, ки Саврӣ қасдан хаёли ўро дуздида, аз Ҳабиба гардонд.
Боз хомўш шуданд. Агар шумо боре ба осиёб муштақ бурда ва онро ба дўл андохта, аз зери санг каф-каф орд парида ба ҳамма рехтанашро дида бошед ва орд шудани охирин донаҳоро интизорӣ кашида бошед, донед, ки дар он лаҳза хомўшие шавад. Хомўшие, ки садои сагаку санги осиёб зўрӣ карда дигар ҳама овозҳоро хобонад. Ва ҳоло дар байни даравгарон чунин як хомўшӣ рух зад. Дар ин шаби моҳтобӣ кас ҷуз садои шикастани пояи гандум ва гоҳ-гоҳ ба санг бархўрдани дами дос чизи дигареро нашунавад. Гўё ҳама дам ба дарун гирифта интизоранд, ки «ана-ана», Зулайхо суруд хонад ва ё ягон гапи шўх гўяд. Ва ё Искандари ланг ба Зулайхо ягон чиз гуфта забонашро хоронад ва баъд то даме, ки чашмонашон мебинад, валвалаю ғалоғула карда дарав кунанд, вале аз пояҳо ва досҳо садо баромаду аз Зулайхову Искандари ланг на. Ҳар кас андешае дошт, вале ба касе гуфта наметавонист. Дуртар, тақрибан ду километр дуртар аз роҳи калон ғалоғулаи одамон баромад. Дар ин шаби хомўши маҳтобӣ ҳар чӣ садое барояд, ба дуриҳо равад.
Ғалоғулаи чӣ бошад? Пагоҳ рўзи бозор не, ки бозорчиҳо ин қадар барвақт сафар кунанд. Ба ҳар ҳол овозу гуфта рафтанҳояшон рўзи ғазоро монад. Ин ғалоғула даравгаронро безобита кард ва онҳо миёнҳои дарддидаашонро рост карда, ба он тараф гўш андохтанд, вале чизеро сарфаҳм нарафтанд...
Баъди чанд муддат аз обкандҳои Роҳрав садои суми асп шунида шуд. Ба бадани даравгарон мурғак давид: кӣ меояд, барои чӣ меояд?
Ҳамин вақт шахси оянда сурфид, баъд:
— Амаки Ниёзбой! – як бор садо кард ў, ҷавоб надоданд.
– Амаки Ниёзбой!!! – боз садо кард ў.
— Ҳў-ҳў-ҳў! – овозашро шинохта ва андаке дилпур ҷавоб гардонд пирамард, вале дилаш ба пушташ зад, ки ў беҳуда дар ин нимашабон наояд. Пирамард ҳанги пояш рафта, ғайри ихтиёру ирода нишаста монд.
— Амаки Ниёзбой! – наздиктар омада овоз баровард раис.
Вале касе ҷавоб нагардонд.





