Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 457 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 457 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Надонам, Ҷовид, аз афташ, одами хуб дар ҳама ҷо лозим.
Худо ҳам дўст дорад одами хубро.
Ҳабиба нишаст, сари ду по нишаст ва бо неши дос заминро кандан гирифт. Ҷовид ба атроф, ба даравгарон нигарист, ки ягон кас онҳоро набинад, то пагоҳ боиси гапу калочаи мардум шавад.
Ҳабиба парешонии ўро дида бархост ва пурсид:
— Ягон кас омад?
— Не, Ҳабиба... Ҳабиба?!
— Ҳа!
— Ту акнун паҳлўи ман истода дарав бикун...
— Барои чӣ?
— Ман намегузорам, ки ту монда шавӣ, ёрӣ медиҳам.
— Ту ба холаи Саврӣ, ба очаат ёрӣ доданӣ ҳастӣ-ку?
— Ман ба ҳама – ба ту, ба холаи Саврӣ, ба очаам, ба Бобои Ниёз, ба ҳама ёрӣ додан хоҳам.
— Ба холаи Зулайхо-чӣ? – ҳазл кард Ҳабиба.
— Ў занаки бало, ҳама корашро худаш саришта карда метавонад. Барои чӣ ҳама мисли ў нестанд? Мард барин, гапи касеро намехўрад, аз касе наметарсад, мегўяду механдад! Боз шавҳараш дар аскарию суруд мехонад. Бало, бало... Ту ҳам мисли вай шудан мехоҳӣ, Ҳабиба?
— Не, Ҷовид, ман Холбибӣ шудан хоҳам.
— О Ҳабиба, ту чӣ хел боақлӣ!...
Ба гўши Ҷовид ғалоғулаи шинос даромад, вале ў хоболуд ҳамаи ин чизҳоро фарқ карда натавонист. Ҳабиба аз пеши назараш дур рафт ва ў бедор шуд. Ба осмони равшани ситорабор нигарист, чашмони хоболудаш чандон ситораҳоро нағз надиданд, ба назараш онҳо ба чашмаш халиданд.
«Монед, бедор накунед, апа... Монед, роҳат кунад» овози Савриро шунид Ҷовид.
«— Не, қатори мардум, баччаи ҷавон, ҳеҷ кор намекунад», гуфта Соро пешонии Ҷовидро сила кард.
Ҷовид хушёр шуд. Дар паҳлўи чап Саврию Нозим сари ҷогаҳ нишастаанд. Ҷовид шинелро як сў тела дода, хеста низ сари ҷогаҳ нишаст. Бо пушти дасти росташ чашмонашро молида, ба модараш нигарист, ба Саврӣ, баъд ба Ҳабиба. Аз гапҳои лаҳзае пеш шуда гузашта шарм кард, ки дуздида ба ў нигарист. Ба назараш чунин расид, ки Ҳабиба ба ў як зеҳн монду шарм дошта рўймоли фаранги кўҳнаашро то сари абрў кашид. Ва баъд ба одамон пушт гардонда, бо оби офтоба дасту рў шуст: аз афташ, барои обкашон малол меомад, ки Ҳабиба рўяшро пишакшў карда, бо як лаби рўймолаш пок карда ва аз зери таксарӣ досро гирифта ба тарафи гандумзор рафт.
Авзои Ҷовид парешон: гумон дорад, ки Ҳабиба ҳама гапи имшабаро донад, аз ин рў дуздида-дуздида сўи ў нигарад. Вале Ҳабиба бепарво: на ба Ҷовид нигарад, на доскашиаш суст шавад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан