— Холаи Саврӣ!
Ин дафъа Соро сари ўро аз китфаш бардошт.
Чанд нафар дар сояи хаскаппа ва дигарон дар офтоби тамуз менишастанд. Дуртар аз бандҳо гандуми нодарав менамуд, ки аз ёнаи тарафи офтобнишин гузашта, ҳамранги шафақ ба пушти теппа хам мехўрд.
Абдулу писараш наомаданд.
18
— Падарат мурд, дилат ганда шуд, Ҷовид?
— Не, Ҳабиба, ту ҳастӣ, дилпурии ман.
— Чӣ хел ту бало!
— Бало не, Ҳабиба, ман фаҳмидам, ки дар ин дунё одам зинда намемондааст. Баъди он ки падарам аз ҷанг баргашт, гумон кардам, ки ў дигар ҳеҷ гоҳ намемурад. Лекин мурд.
— Барои ҳамин ба ман нигоҳ намекунӣ, салом намедиҳӣ...
— Ту шабе, ки падари ман дар он ҷо сахт бемор буд, бисёр суруд хонда будӣ...
— Ман?
— Ҳа, ту.
— Ман суруд хонда наметавонам.
— Ман пурсидам, ки ин хел суруди шеворо кӣ хонд, холаи Саврӣ гуфт, ки Ҳабиба.
— Не, Ҷовид, холаи Зулайхо ин хел мехонад. Мехонад, ёд мекунад, ки шавҳараш аз ҷанг биёяд.
— Фиребгар ту, Ҳабиба. Майлаш барои ман нахон, ба дилам суруд намеғунҷад, ба дили очам ҳам. Не! Ту хонӣ, хуб. Агар очам фаҳмад, ки барои кӣ мехонӣ, гап намезанад...
— Барои кӣ гумон мекунӣ?
— Барои касе, ки дўст медорӣ.
— Ман ҳеҷ касро дўст намедорам.
— Ҳеҷ касро?
— Фақат падарам...
— Ба ғайри падарат боз киро?
— Дигар каси нағз медидагӣ надорам.
— Не, росташро гўй, боз киро дўст медорӣ?
— Очаамро дўст медоштам, ки...
Ҷовид аз саволаш пушаймон шуд, сар хам кард ва авзои Ҳабибаро диданӣ шуда ба ў нигарист, ки механдад.
— Росташро гўй, Ҳабиба, боз киро дўст медорӣ?
— Касе ки ба дилам ғунҷад... Холаи Саврӣ одами нағз, Ҷовид, очаи ту одами нағз, Ҷовид.
— Отаи ту ҳам, Ҳабиба. Худо донад, ки деҳаамон дигар ин хел муаллимро бинад ё не... Чаро одамони нағзро ҳам ба ҷанг мегиранд-а?





