— Базлагўӣ мекунӣ, механдӣ, механдонӣ, то одамон гумон накунанд, ки ту бекас мондаӣ, ба навозиши касе зор ҳастӣ.
— Хайр, чӣ кор кунам? Гиря кунам, ў наояд, ба ягон ҷо арз кунам, наояд, чӣ кор кунам? Ман худфиребӣ мекунам, Соро.
Ду кас аз пеш намоён шуд. Яке гардани харро медошт ва дигаре дар канори роҳ каҷпаҳлў зада буд. «Мўсохон барин. Фақат ў гардани харро дошта меистад» гуфт Зулайхо ва наздик рафтанд, ки дар ҳақиқат Мўсохон будааст ва падараш. Абдул барнахест.
Соро рў пўшида гузашт, вале Зулайхо гапашро гуфт.
— Зўр омадагӣ барин-а?
Вале Абдул нафаҳмид, ки ў чиро зўр омадааст мегўяд: корро ё сиёсати Холбибиро.
Холбибӣ дар сари дарав будааст.
Ҷовид пешвози модараш тозон омад. Сар ба сари дили модар гузошта, ба гап даромад:
— Чаро омадӣ, оча?
— Туро ёд кардам, баччем. Баъд, ҳама дар дашту саҳро... ҷанг писарам, ҷанг...
— Ҷанг! Лекин ту бояд дам мегирифтӣ, ман-ку ба ҷоят дарав мекунам.
— Ҳеҷ гап не, баччем, дукаса кор кунем, беҳтар.
— Акнун ба ман ним рўзи меҳнат намедиҳанд. Ту калонҳо барин кор мекунӣ, мегўянд.
— Рост мегўянд. Ту калон шудӣ. Ман ба котиби ҷамоат гуфтам, ки туро ба сархоҷагӣ гузаронад.
— Ин чӣ маънӣ дорад, оча?
— Маъниаш ҳамин, ки ту сардори хоҷагӣ мешавӣ, марди рўзгор, ба ҷои падарат.
Ҷовид сар хам кард.
Саврӣ, ки то ин вақт ба сўҳбати онҳо халал нашавад гуфта дар пушт рост меистод, даст бар китфи Соро гузошт:
— Салом, апаҷон!
— Салом, Савриҷон! Мондаҳои кору бор!
— Саломат бошед! Аҳволатон?
Соро ба ҷои он ки ба ў ҷавоб диҳад, ба чашмони ў, ба сару рўи ў нигарист ва ранги коҳидаи Савриро дида, ўро ба оғўш кашид:
— Худро гирондаӣ, Саврӣ. Ман ба ту чӣ гуфта будам? Худро эҳтиёт бикун, нагуфта будам?
— Эҳтиёт карда истодаам, апа. Ҷовиду Нозим мадори дилам.
Ин гапро Ҷовид шунид. Ва боз ҳамон ғаши дилаш ёд омад, ки мактуби Аюбро ба Саврӣ нагуфт ва ба Аюб ҳам ҷавоб нагардонд.
— Холаи Саврӣ! – ба онҳо нигоҳ кардани дигаронро дида, онҳоро аз оғўши ҳамдигар ҷудо карданӣ шуда, хитоб кард Ҷовид, вале Саврӣ нашунид, ки сар аз китфи Соро набардошта меистод.





