Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 454 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 454 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Не-ю, дил-дия!... Аз овозаи дузди Дашти Қозӣ, гум шудани духтари Ҷанобил дилам меларзад...
— Ман парво ҳам надорам... дузди Дашти Қозӣ аз ману ту чӣ мегирад? Мегўянд, ки пурсандаҳо мурдаи харобу лоғарро бинанд, ин мурдаи кўҳна гуфта, напурсида бармегарданд, дузд ҳам моро дида мегурезад. Хайр, духтари Ҷанобил ягон чиз доштагист, – халачўбро ба гардани хар уреб дошта гуфт Зулайхо.
Соро медонист, ки занаки чеҳракушоди базлагўй ғами ўро ба назар гирифта қофияҳояшро ҳамвор карда гўяд, вагарна мепартофт, ба ҳар ҳол мурдаи қоқ гуфта дили ўро таҳ нишонд. Вале Соро наранҷид: «Зулайхо барин зан дар ин обрав кам». Чунон вонамояд, ки дар оилаи ў касе кам нашудааст. Шавҳараш ҳам, дунё ба умед, меояд. Шавҳари ў Раҳим аз ҳама пеш ба ҷанг рафта буд. Зулайхо як писару як духтар дорад. Хабаргирӣ омадааст.
Модари пираш Зулхумор онҳоро нигаҳбонӣ мекунад. Аз ин ваҷҳ ташвиши ў кам аст, бинобар он мешунаваду механдад, мегўяду механдонад. Вале худо нишон надиҳад, ки касе оби чашми дар танҳоӣ резондаи ўро бинад. Ин чизро ҳеҷ кас надонад, ҳатто модар ва фарзандонаш ҳам.
— Ту чӣ хел дар пушти хар озод мешинӣ, Зулайхо, – ҳавас омад Сороро.
— Ронҳои ман дандон дорад, дугона.
— Намурӣ ту, аз ҳазлу шўхиат намемонӣ.
— Худо ба ҳазлу шўхӣ фармояд, ҳазлу шўхиам намебуд, кайҳо сил шуда, мурда мерафтам.
— Дарундорӣ ва ҳама гапро ба дил гирифтан бад будааст.
— Аз нагуфта кафидан, кафида гуфтан беҳтар. Гўӣ, дилат холӣ мешавад... Савор мешавӣ?
— Не, меғалтам.
— Бедандон гўй!
Соро хандаашро фурў бурд ва хеле роҳ хомўш рафт. Пули калониро гузашта ба пули хурдӣ омаданд. Хар аз роғҳои байни тахтапул ҳаросида ва сарашро хам карда, бўй кашида гузашт.
— Иш-ш-ш!!! – харро назди харсанг дошта, ба Соро хитоб кард Зулайхо: – Биё савор шав, роҳ дур.
— Не. – чизеро дар назар дошта, якравӣ мекард Соро.
Зулайхо ба гардани хар як халачўб фароварда, лингак зад, то хари сиёҳи фўксафед ба роҳ дарояд. Хар занро писанд накарда, базўр ҷунбид ва баъд тезтар гашт.
Даравгарон дуртар кўчида буданд.
Сари харро ба он тараф гардонд Зулайхо. Ва аз хар фаромада шинел ва сабаддастаи Сороро болои зин гузошта сахт кард ва онро пеш андохт.
— Ба ту осон, Зулайхо, – якбора гуфт Соро.
— Чӣ?

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан