ториктар буд. Ба гўши Соро расид, ки хазонрез шудаасту чизе рўрўи хазони зери дарахтон дуздона мегардад, хазонҳо хиширрос мезананд. Ин садоҳо дар асаби ў пайдо шуда буданд. Ҳаросид.
Чанд шаб пиразанҳо ўро ҳамхоба буданд, имшаб ў танҳо монд.
Якбора хобаш бурд, вагарна ягон чорае меандешид: ё ягон касро ҳамхоба меовард ва ё ба ягон ҷои дилобхўр рафта, шабро рўз мекард, баъд он тарафашро меандепшд. Ў хаёл ҳам накарда буд, ки боз Шайдоро мебинад, ҳамсўҳбат мешавад. Аз чунин вохўрӣ ҳаросид. Баданаш ларзид. Баъд фиреби назар будани ин чизҳоро фаҳмида худро каме ғаюртар гирифт: «Бале ба ҷонат, Саврӣ» – аз дил гузаронд ў ва шинелро аз худ дуртар тела дода, бархост ва хаёлаш, ки ба хонаи Саврӣ меравад, сўи дарвоза равон шуд. Баъд ба ёдаш зад, ки Саврӣ даравгар аст. Назди дарвоза истод. Истоду истод. Ба куҷо рафтанро надонист. Намедонист, ки шаб чӣ вақтест, истод. Поси аввали шаб, ними шаб ё хурўсбонги аввал, дуюм ва ё сеюм. Хурўсҳо фарёд заданд, вале надонист, ки бонги чандум аст.
Буду набуд, худро ғаюр ва далер гирифт. Бонги хурўс фарёди сеюм будааст, ки пас аз чанд муддат осмон сафед шудан гирифт.
Соро ҳанўз рўзи равшан нашуда, ҳозирӣ дид, то ба дари хонааш қуфл занаду мисли бевазанҳо калидро ба нўки мўяш андохта, ба дарав равад. Ў аз дарахти паҳлўи хона себ чид. Аз войичи пеши хона ангури кишмиши сиёҳ канда, ба сабаддаста ҷо кард. Шинелро таҳ карда бар фўтае гузошт, ба болояш ду фатири барои Ҷовид тайёркардаашро монда баст ва аз гурбадави хона досро гирифта, офтобзард ба роҳ даромад. Ба миёндаштӣ рафта буд, ки баргашта ба пас нигарист. Саворе аз деҳа баромад. Соро дил кард, ки истад ва ҳамроҳи ў равад. Гашташро каме суст кард.
Баъд бефараҳ будан ва аз гиряи зиёд бемадор шуданашро ба ҳисоб гирифта тез гашт, ки савор мерасонад. Роҳ дароз аст. Ин роҳ аз умри ҳамаи онҳое, ки дар деҳаи ў зиндагӣ мекунанд, дарозтар ва бардавомтар аст. Ин роҳ бисёр касонро бурд, аммо ҳамаро барнагардонд. Хабари зиёд овард ин роҳ. Ҳамин роҳи камбари дароз, ки рафта-рафта якбора хам мехўрад. Гўё касе то ҳў он ҷо рағза мондаасту риштаи калобааш нарасида, аз он ҷо гаштааст. Вале чун ба он ҷои гўё як табар зада бурида расидед, роҳ хам хўрда, касро ба лаби Зарафшон обхўрӣ мебарад. Соро ҳам ба ҳамин ҷо расида дам гирифт, то савор ояд: ҳар кӣ ҳам бошад, ҳамдеҳааш, мадори дил мешавад.
— Салом, Соро! – наздик омад савор.
— Салом, Зулайхо! Ман гумон кардам, ки ягон мардина, дилам ваҳм кард.
— Хайр, мардина будан катӣ туро мехўрд? – Зулайхо шўхӣ карданӣ буд, вале куртаи сиёҳи ўро дида, ҳамин хел нарм гуфта монд ва сарбории сари ўро пеши зин гирифт.





