— Ҷанг тамом шуд?
«— Ҳа!»
— Чаро гап намезанӣ, фақат сар меҷунбонӣ?
«— Ана!» – забонашро бароварда ва бо ангушт ба он ишора кард Шайдо.
— Боке не, Шайдо, омадӣ, шуд. Ҷанг анҷом ёфта бошад, шуд.
Ту гап назанӣ ҳам, ман ҳамаашро мефаҳмам. Ман умедвор будам, ки меоӣ.
Шайдо табассум кард.
— Чаро рост истодаӣ. Шайдо? Гузар, бишин!
«— Не!» – сар ҷунбонд Шайдо.
— Барои чӣ? Ҷавоб гирифта омадӣ? Диданӣ?
«— Ҳа!»
— Маълум мешавад, ки ҳоло ҷанг тамом нашудааст?
— Тамом шуд, барои ман», – якбора ба забон омад Шайдо.
— Дигар намеравӣ?
— «Ман дигар дар ҷанг кор намеоям».
— Боке не, Шайдо, дар ин ҷо ҳам кор ёфт мешавад.
«— Ҷовид мардак барин шуда бошад, ўро ҳам...»
— Не, ман ўро намемонам. Туро бурданд, бас.
«— Не, Соро, ин кор ба дасти ману ту не. Ў фарзанди Ватан.
Дар ин хел мавридҳо онро бояд ҳимоя кунад».
— Лекин аҳволи ман чӣ мешавад?... Хайр, ту омадӣ, Ҷовид равад, мешавад. Қаҳрамон шуда ояд.
«— Ман ҳам меравам, Соро».
— Куҷо меравӣ? Барои чӣ омадӣ?
«— Туро диданӣ».
— Диданӣ омада бошӣ, бишин!
«— Не, меравам!»
— Маро намебарӣ?
«— Не».
— Ҷовидро мебарӣ? Ба ҷанг?
«— Не, Ҷовид ба пои худ».
Соро шинелро ба пушти пояш руст кард. Онро Шайдо дид.
«— Соро, ин шинелро Ҷовид дарав бурда буд-ку?»
— Ҳа, ман таъин кардам, овард.
«— Соро, агар Ҷовидро ба ҷанг даъват кунанд, инро пўшида, равад, он ҷо хунук... Хайр».
— Меравӣ?
«— Ҳа!»
— Боз кай меоӣ?
«— Ҳар вақте, ки ёд кунӣ...»
Соро хест, то шавҳарро гусел кунад. Баробари бархостанаш
бедор шуд. Дилаш тап-тап мезад. Воҳима гирифт. Ҳама ҷо торик
буд. Махсусан зери дарахтони парешоншохи чормағз ва тути каҷ





