Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 451 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 451 аз 470 · 3 ноябри 2026

Вале баъде ки мурдаро шуста ва бароварда ба тобут гузоштанд, баландтар аз ў касе фарёд назадааст:
«Додоме-додоме, моро бекас кардед, додоме! Моро сағир карда рафтед, додоме! Моро гапшунав кардед, беписанд кардед, додоме!!!».
Касе намонда буд, ки аз гиряи ў гирён нашавад.
Ҷовид ҳаракат дошт, то дар тобут паҳлўи падараш хоб кунад, вале ўро боздоштанд: «Моро ҳам баред, додо! Моро партофта наравед, додо! Хору зорамон накунед, додо!» худро ба тобут зада фиғон кард ў. Чун тобутро бардошта аз дарвоза бароварданд, ў фарёдкунон асобадаст пеш-пеши тобут равон шуд...

17

Азбаски либосҳои Шайдо кирои ба мурдашўйҳо додан надошт, Соро таъйин кард, ки Ҷовид шинелро аз сари дарав фиристад.
Соро чаҳор касро гуфта, либосҳои раҳматиро дар фўтае баста ба мурдашўйҳо дод. Ва аз дар бароварда гусел кард... Вале чун бегоҳирўзӣ омада дарвозаро маҳкам карданӣ шуд, чашмаш ба шинел афтод, ки таҳ карда дар байни ду сутуни дарвозахона гузошта буданд. Соро ҳайрон шуда аз дарвоза берун омада нигоҳ кард, ки шояд касе онро ҳоло гузошта бошад. Ўро дарёфт карда аз нав шинелро супурдан хост. Ў шинелро кушода афшонд, ба сари дасти чап гирифт ва хаёлаш ба ҳазор кўчаю тангкўча рафт:
«Чаро оварда бошад? Ҳазар кард? Ё раҳмаш омад? Агар раҳмаш меомад, ҷеғ зада мегуфт, ки инро гирифта монед, як рўз даркор мешавад ё «писарашро ёдгорӣ» мегуфт. Маълум, ки ҳазар кардааст. Ҳазар кардааст, ҳазар! – ҷонаш сўхта, такрор мекард ў, – Аз нодории ў, аз бемории ў ҳазар кардааст. Чашми ҳақ рост бошад.
Дигар ҳамааш гузарон...»
Соро шинелро ба сари синаи чап пахш кард, гумонаш, ки Шайдоро навозиш мекунад. Шинели шахшўли мўякдор ва ба хоку хасҳо ҷўлида ба банди дили ў нарму форам расид. Ва ў ба зери айвон баромада ҳамон зайле, ки шинелро дар банди дил медошт, ба фарш афтида ва шинелро пахш карда хобид.
Офтоб фурў рафта буд. Соро фикр кард, ки ҳамин зайл каме дам мегирад, чун аз аламу хастагиҳо фориғ шуд, хеста, андешаи рўзгорро мекунад. Мазмун, рўзгори ў ҳоҷати андешаи зиёде надошт: дар бадали як ҳафта чунон лакот шуда буд, ки симоҳо байни мижгонҳои тараш ва фикрҳо андар сараш ўро хоб рабуд. Ў паҳлў нагашта хоб рафт ва хоб дид:
«— Салом, Соро!» – ба гўши ў овози шиносе ғур-ғур кард.
— Салом, Шайдо! Омадӣ?
«— Ҳа» – сар ҷунбонд Шайдо, вале майле надошт, ки занашро оғўш кунад, ё бўсад.

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан