Саврӣ аз бозуи чапи Ҷовид дошта меомад, гўё ўро маҷбуран ба ин ҷо кашола карда оварданд ва агар сар диҳанд, гурехта равад.
«Пеши очаат рафта гарданашро гир!» хам шуда ба гўши ў гуфт Саврӣ ва хаёле ўро ба пеш тела дод, ки бо ҳамин мадад то назди модар равад. Ҷовид ду-се қадам рафта, карахт шуд. Истод.
Саврӣ боз рафта суханҳои гуфтаашро такрор кард. Ҷовид гўё нав ба гапҳои ў сарфаҳм рафт, худро ба оғўши модар партофт.
Соро нишаста монд, гўё тамоман бемадор шуда буд. Баъд гўӣ тифли ширхора мемаконда бошад, баччаи калонро уреб бағал гирифта шеван кардан гирифт: «Кош додот аз ҷанг барнамегашт, писаракам! Кош намеомад, ки як умр умедвор шуда мегаштем, писаракам! Даравравиаш хонаравшанкунӣ будааст, Ҷовидам...
Додот фиребгар будааст, писаракам! Нагуфт, ки дарди сахт дорад, писаракам! Ба Холбибӣ таъин кард, ки писарамро фиристон, як бор бинам, писаракам! Ту дер омадӣ, ҷони оча! Чашмони додот боз, рав, туро як бор бинад...»
Саврӣ омада Ҷовидро аз бағали модар бардошт. Соро низ бархест. Онҳо гардан ба гардан шуда гўё ки тамоми дарду алам ба якдигар мегуфта бошанд, бонавбат гўяндагӣ карданд.
Бобои Ниёз барои он ки Ҷовид аз мурдаи падар натарсад, дасти росташро ба китфи ў гузошта ба хона даровард. Ҷовид аввалин бор падарашро ин қадар харобу лоғар, дароз ва андаке «бегона» дид. Биниаш теғ кашида буд. Чашмонаш сокиту бенур ба сақфи хона дўхта буданд. Ҷовид фарёд зада, худро ба оғўши модар партофт.
— Дигар не, ҳамон додои худат... – ўро дилдориву ором карданӣ шуд модар.
— Чашмаш кушода...
— Чашмонаш ба роҳи ту чор буд, туро дидан хост, барои ҳамин боз монданд. Ту бояд онҳоро молида пўшонӣ, писарам.
Соро аз дасти писараш дошта назди мурдаи падар бурд. Худ аз тарафи рост нишаста ва писарро аз тарафи чап шинонда, бо меҳру муҳаббати зиёд, чунон ки дар зиндагиаш мекард, ба сару рўи ў нигарист.
— Мол, писарам, мол! – зери абрўи Шайдоро молида-молида гуфт ба Ҷовид Соро.
Ҷовид дастони шахшўлашро сўи рўи падар дароз кард.
— Мол, писарам, падарат роҳати туро диданӣ буд. Ақаллан ҳамин қадар хизмат бикун, ки ў дилкашол наравад, – рамидани дили писарро пай бурда гуфт модар.
Ҳамин вақт ғассолҳо даромаданд. Соро бархеста, фарёди талху тунде зада берун баромад. Ҷовид ҳам баромада ба ў сахт часпид.
— Гиря накун, оча, худатро адо накун, оча! – тавре гап мезад, ки тамоми пастию баландиҳо ва ғаму ғуссаи ҷаҳонро бештар аз ў касе начашида бошад.





