— Монда нашудӣ?
— Не. Ман ним ҳис кор мекунам, монда намешавам.
— Барои чӣ ним ҳис?
— Барои он ки ним рўзи меҳнат медиҳанд.
— Не-е, зер карда кор кардан гир!
Ба назари Саврӣ Холбибӣ ба Ҷовид чизе гуфтанӣ буд, вале гап дигар шуда нагуфта монд.
— Кӣ омаду кӣ рафт? – боз пурсид Искандари ланг.
— Ҳеҷ кас, аскарони мо ба «урра» гузаштанд, дигар бе мо ҳам мешавад, – ҷавоб дод ў, вале овозаш ларзид ва боз ба Ҷовид дуздида нигарист. Писарбачча чашм аз Холбибӣ канда, ба Саврӣ нигарист. Холбибӣ ўро бепарво дида, нахост, ки хаёлашро парешон кунад. Гўё худро дар назди ў қарздор ҳисобид: – Ҷовид!
— Лаббай!
— Додот таъин кард, ки як сари қадам биёяд.
Ин хабар барқвор ба сари Ҷовид зад, дили Саврӣ ҳам таҳ рафт. Дид, ки дигарон ҳам бо як нигоҳи меҳрубон ба Ҷовид менигаранд.
— Оқсақол, ба ман ҳам иҷозат диҳед. – Худро дар назди Ҷовид қарздор пиндошта, рухсат пурсид Саврӣ.
Холбибӣ чизе нагуфту сари аспро сўи деҳа тофт.
Ҷовид ҳайрон монд, намедонист, ки чӣ кор кунад, равад ё на. Саврӣ ҳам аз паси аспи ў нигарист. Ў дур рафта, дар пастии канори Зарафшон хам хўрд. «Наход ки барои ҳамин гап омада бошад?» аз дил гузаронд Саврӣ ва ба Ҷовид рў овард:
— Рафтем!
Онҳо се нафар аз миёнаи деҳа гузашта ба даҳонаи кўчаи танг расиданд. Касе рў ба рў наомад. Гўё дар деҳа касе набуд. Бобои Ниёзу Саврӣ ба кадом садои номаълум гўш дода, роҳ мерафтанд.
«Чӣ гап, холаи Саврӣ?» савол кард Ҷовид. Ба ҷои ҷавоб садое омад: «Во хонем, во хонем!» Ин садо чандон ба писарак сахт нарасид. Гўё ў санг шуда буд, ки ин мусибатро филфавр дарк накард. Пирамард бозистод. Ҷовид як қад парид. Танҳо вақте ки Саврӣ сари ўро ба банди дилаш пахш кард: «Дилатро бақувват дор!» Ҷовид мисли мум об шуд.
— Чӣ шудааст, холаи Саврӣ? – чӣ будани масъаларо донистанӣ шуд ў.
— Ҳеҷ чиз, ҷонакам, ҳеҷ чиз!...
Бобои Ниёз ба дарвозаи боз расида, ба саҳни ҳавлӣ нигарист, ки аз миёнбандон киҳо бошанд, касеро надид ва баъд фўтаи гирди сарашро гирифта миёнро аз рў баста «Ҷигарам, во ҷигарам!» гўён аз дарвоза даромад.
Аз буни хона марде миёнбаста баромада, хомўш омада гардани Бобои Ниёзро гирифт. Ин мард Абдул буд. Пирамард фарёд зад, вале Абдул садое набаровард. Фарёди худро дар дил нигаҳ дошт...





