гуфта пурсид.
— Парид, – ҷавоб гардонд Ҷовид.
— Бихоб!
Ҷовид ранҷид, ки падар маънии паридани хоби ўро намефаҳмад. Ў сухани падарашро шикаста рўболо шуд ва он қадар ситора тамошо кард, ки дар тамоми умраш надида буд. Роҳи Каҳкашон ҳам равшан: мисли роҳи Сафедхок аз байни сабзазорон гузарад.
Ҷовид муддати дар ҷанг будани падар ба модар сахт одат карда буд, дилу ҷонаш барои ў месўхт, вале ҳоло дил ба падар зиёдтар сўзад. Ў пиндорад, ки падарро ҳамчу дурдона аз қаъри дарё кашида гирифтааст: шаб ё саҳар ин дурри гаронбаҳоро гум кунад, вале модараш давлату дунёи решагист, ўро гум нахоҳад кард. Дилаш пур.
Соро ҳам зиёдтар аз Ҷовид эҳтиёткорӣ кунад: хотири ў ҳам ноҷўр аст. Хаёлаш, ки як коса обро рўи каф дошта гардад ва аз пеши по хўрда резонданаш тарсад. Тарсад, ки ҳам об резаду ҳам коса шиканад.
Шайдо ҳамаро фиреб карда будааст. Хона равшан карда будааст...
Рўзи сеюми бемориаш канда шуд. Ў савораю Соро пиёда ба деҳа баргаштанд.
16
Аспсаворе омад. Касе сар аз дарав намебардошт. Савор лаҷом кашида салом гуфтанӣ буд, ки аспаш бинӣ афшонд, ҳама сар бардошта сўи ў нигаристанд.
Гўё рассоми хушкилке бар муқобили як савор як гузар одамро рў ба рў тасвир карда бошад, онҳо сокиту ноҷунбон буданд. Досҳо, дарзаю хўшаҳои гандум, дастаҳои нобаста, бандҳои ғарамзада, гандуми нодарав ва истоди даравгаронро рассом бо ҳавсала кашидааст. Арўсон ва духтарҳо, ки як лаби рўй, нўки бинӣ ва ё гўшаи абрўяшон хаёле метобад, ҷойҳоп рангаи ин мусаввараанд.
Вале бар муқобили ин сурати зебою андаке риққатовар гардани баланди асп рўҳбаландӣ ва музаффарияти мардумро намоиш диҳад. Махсусан вақтҳое, ки худи Холбибӣ аз ин аспи дарозгардан пиёда шуда, ҳамроҳи даравгарон дос кашад. Ин бор ў аз асп нафуромада гўяд:
— Монда нашавед! Шаҳбозҳо!
— Саломат бошед! Чӣ хабарҳои нав? – пусрид Искандари лапг.
— Ҳмм... нест! – сирреро пинҳон дошта, базўр овоз баровард ў ва ба Ҷовид рў овард: – Читу, писар?
— Нағз! – гуфт ў ва ба назараш зери пўсташ заҳр давид.





