Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 1

Саҳифаи 447 аз 470 · 3 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 447 аз 470 · 3 ноябри 2026

— Ҳамаи ғайратат ҳамин, писарам? – ўро ба банди дилаш пахш карда ва ду каф ба ду бари рўяш гузошта, ба рўю абрўяш нигоҳ карда гуфт Шайдо.
Ҷовид сар боло накард, то падараш чашмони гирёни ўро набинад. Кўшиш мекард, ки боз ҳам дар оғўши ў ҷо шавад.
— Баччагӣ накун, Ҷовид, аммааш нигарон, ки бо ту пурсупос кунанд, – ишора ба Холбибӣ кард ў.
Ҷовид аз оғўши падар дур шуд ва сар боло накарда ду дасташро баробар сўи ў дароз кард.
— Писари калон шудаӣ, даравгар шудаӣ, боз гиря мекунӣ.
– Холбибӣ вохўрдӣ кард ва дасти Ҷовидро сар надода ба Шайдо рў овард: – Ту хафа нашав, бачча хурсандиашро дошта натавонист.
Ҷовид бо модар ҳам гирён вохўрӣ кард. Соро дергоҳ сари ўро ба банди дилаш пахш кард ва баъд ба гап даромад:
— Чӣ, монда шудӣ, ки ин қадар гиря мекунӣ?
— Не, – сар ҷунбонд Ҷовид ва аламаш тоза шуд, ки ҳиқчоқ гирифт.
— Нагуфта будӣ, ки додом омад, дигар ҳеҷ гоҳ гиря намекунам?
— Ин гиря не, оча...
Ҳама мардону писарон бо Шайдову Холбибӣ вохўрдӣ карданд ва бо Соро пурсупос.
Ҳашар сар шуд. Саврӣ дар миёнаҷо монд. Саврӣ, Ҷовид, Соро, Шайдо, Холбибию Наврўз. Наврўз якдаста дарав карда наметавонист. Банд бастанӣ шуд. Ҳамин ҷоро Наврўз ҳамроҳи Шайдо ҷуфт карда буданд, акнун худашон медараванд.
Шайдо аввал худро бардам ҳис карда ҳамроҳи даравгарон баробар мерафт ва баъд дид, ки нафасаш тангӣ карда мадораш намерасад, ҳамроҳи Наврўз бандбандӣ баромад. Шайдо бандина мепартофт. Наврўз дарзаҳоро якдаста ба рўи бандина ҷамъ меовард ва Шайдо мебаст.
Ҳашар то бегоҳ давом кард. Пеш аз ғуруби офтоб Холбибию Наврўз ба деҳа баргаштанд. Шайдову Соро шаббош монданд.
Ба назари Ҷовид, имшаб тамоман шаби афсонавӣ. Аз ҳамон шабҳое, ки одамон бисёр орзу кунанду баъди азобу машаққати зиёде ба муродашон расанд. Имшаб барои Ҷовид ҳамин хел шаб аст, вале боз як чиз намерасад. Аниқаш, як кас намерасад: падари Ҳабиба.
«Чӣ давлати бузургест падар доштан» дар дил такрор кард ў ва оҳиста сар бардошта сўи Ҳабиба нигарист.
Моҳ нопадид гашт. Ҳама қатор хобидаанд. Орому хомўш.
Ҷовид аз шодӣ хоб надорад. Ў шунавад, ки падараш чӣ хел дароз-дароз нафас мегирад. Мазмун, ғанимат мегирад. Ў андаке сар бардошта ба сўи падараш нигашт, Шайдо ҳам бедор будаст, ки «Хобат нест, Ҷовид?»

Дар бораи китобСорбон. куллиёт. Ҷилди 1

470 саҳифа

Аз аввал хондан