— Нағзу шумо барин не, – Ҷовид дербоз ин гапро гуфтан мехост, акнун маврид ёфт.
— Чӣ хел ман барин не?..
Ҷовид сухан наёфт, то ба Саврӣ ҷавоб гўяд. Як сар бардошта ба дигарон нигарист, ки ҳама хобанд. Чашмаш ба Саврӣ ҳам афтид: тез-тез мижа мезад...
— Хоб надоред?
— Не, хобам парид.
— Бисёр фикр мекунед, барои ҳамин.
— Ман фикр намекунам, Ҷовид.
— Ҳа-а, фикр намекунед-а, медонам, дар бораи чӣ фикр мекунед...
— Дар бораи чӣ?
— Амаки Аюб биёянд...
Як ситора парид, ду-се, чор ва бешумор... Ҷовид фикр мекунад, ки ин зайл паридан гирад, дар осмон ситора намемонад ва дар рўи олам – одам. «Албатта инҳо ситораҳои қурбониёни ҷанганд... Не-е он қадар ин ситораҳо зиёданд, ки ба чидан кам намешаванд».
— Хоб рав, Ҷовид, пагоҳ мадори кор намемонад, – мижа заданҳои ўро дида гуфт Саврӣ.
— Худатон ҳам хоб кунед.
— Ту чашм пўшӣ, хоби ман мебарад.
Аз хамгашти даҳони Роҳрав савороне пайдо шуданд. Аз ҳама пеш Ҷовид дид. Зеро чанд шаб аст, ки падарашро хоб мебинад, парешон буд ва зуд-зуд сўи деҳа менигарист. Аз деҳа баромадани саворонеро дида буд ва гумон дошт, ки онҳо даравгаронанд ва хабари аҳволи падарашро меоранд.
Саворон наздик омаданд. Харро аёле ва аспро ду мард савор буданд. «Холбибӣ» гуфтанд аспи ўро дида. «Соро» гуфтанд харсаворро шинохта. Аммо намедонистанд, ки дар паси зини асп кӣ савор аст...
Ҷовид неши дос ба замин зад, то ба пешвози модар тозад, вале фикре ба сараш омада раги пояш кашид. Карахт шуд. «Падарам куҷост? Чаро ўро танҳо гузошта омадӣ, оча?» дар дил пурсид ў.
«Магар сиҳат шуда ба ҷанг рафт? Ё боз ҷувозро...»
Асп сари қўш расид, вале хари Соро ақиб буд.
Аз паси зини аспи Холбибӣ як кас оҳиста лағжида ба замин фуромад. «Додоҷон, додоҷони ширинам, сиҳат шудед!» фарёд зада сўи ў давид Ҷовид. Ҳама хаёлҳои парешони ў бартараф шуда, фақат як чизро хост, ки дар ҳамин масофаи наздик ҳам пару бол бароварда зудтар худро ба оғўши падар занад. Ҷовид аз гуфтаҳои ҷўраҳояш, аз қисмати Нозиму Ҳабиба ва пеш аз ҳама, шаттаю шаллоқи даштбон медонист, ки падар доштан чӣ давлатест...
Ҷовид башаст омад, вале аз чӣ истиҳола кард, ки наздаш бозистод ва баъд гиря карда худро ба оғўши ў партофт.





